Bible App logo
Search Icon

Ошкорсозӣ* 18

18
Шикасти Бобил
1Баъди ин чизҳо фариштаеро дидам, ки бо қудрати бузург аз осмон фуруд меомад. Аз дурахши ӯ замин равшан шуд. 2Вай бо овози пурзӯр фарёд карда гуфт:
«Фурӯ рехт, фурӯ рехт шаҳри бузурги Бобил!
Ба гурезгоҳи ҷину рӯҳҳои нопок,
ба паноҳгоҳи ҳар гуна парандагони ифлосу
ба макони ҳайвоноти нафратангез табдил ёфт.
3Зеро ин шаҳр ҳамчун фоҳиша
ба ҳамаи халқҳо майи пурзӯри гуноҳҳои ҷинсиашро нӯшонда,
онҳоро маст кардааст.
Шоҳони замин бо вай ҳамбистар шуданд
ва савдогарони замин аз баднафсии ӯ сарватманд шуданд».
4Сипас, аз осмон овози дигаре шунидам, ки мегуфт: «Халқи Ман, аз он берун ой, то ки дар гуноҳҳои ин шаҳр шарик набошӣ ва ба мусибате, ки барои вай пешбинӣ шудааст, гирифтор нагардӣ. 5Зеро гуноҳҳояш то ба осмон зиёд шудаанд ва Худо ҷиноятҳояшонро дар ёд дорад. 6Пас подоши ӯро диҳед, чунон ки вай медод. Барои ҳар кораш дучанд подош диҳед. Дар ҳамон косае, ки май омода мекард, ба вай дучанд май бидиҳед, 7то ба андозае, ки худро бузург меҳисобиду айшу нӯш мекард, ранҷу азоб диҳед. Зеро дар дили худ чунин мегуфт: „Ман бева нестам, балки мисли малика менишинам ва ҳеҷ гоҳ мотам нахоҳам гирифт“. 8Бино бар ин, ҳамаи балоҳояш – марг, ғаму ғусса ва гуруснагӣ дар як рӯз ба сараш меоянд. Вай дар оташ хоҳад сӯхт, чунки ҷазодиҳандааш Худованд Худои Тавоност».
9Подшоҳони замин, ки бо вай гуноҳҳои ҷинсӣ ва айшу нӯш мекарданд, дуди сӯхторашро дида, ба ҳолаш фиғон мекашанд ва ба қафаси синаашон мушт мезананд. 10Онҳо аз тарси азобаш дур истода мегӯянд:
«Вой, вой бар ҳоли зорат,
эй шаҳри бузург, Бобили тавоно!
Ҳанӯз соате нагузашта, ба ҳалокат расидӣ».
11Савдогарони замин низ ба ҳоли вай гиряву нола мекунанд, чунки дигар касе нест, ки молҳояшонро харад, 12яъне тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо, марворид, матоъҳои катони маҳин, бунафшранг, шоҳӣ ва сурх ва ҳар гуна дарахтони хушбӯй ва чизҳои аз устухони филу чӯби қиматбаҳо сохташудаву биринҷӣ, оҳану мармар, 13хушбӯйиҳои дорчин, ҳанут, лодан, моддаҳои хуштаъм, атриёт, май, равғани зайтун, орди хушсифат, гандум, гову гӯсфанд, аспу аробаҳои ҷангӣ ва ғуломон ба касе даркор нест.
14Савдогарон мегӯянд: «Чизҳои дилхоҳат аз ту дур шуданд.
Тамоми сарвату дабдабаат барбод рафт
ва онро дигар нахоҳӣ ёфт».
15Савдогароне, ки ҳамаи ин молҳоро ба аҳли шаҳр фурӯхта сарватманд шуданд, аз азоби ӯ тарсида худро ба канор мегиранд. Онҳо гиряву нолакунон 16мегӯянд:
«Вой, вой бар ҳоли зорат, эй шаҳри бузург,
ки либосҳои гаронбаҳои сурху бунафшро дар бар карда,
бо гавҳару марвориду тилло худро оро дода будӣ.
17Аммо соате нагузашта тамоми сарвати ту нобуд шуд».
Ҳама сардорони киштӣ, киштинишинон, баҳрнавардон ва онон, ки кору борашон дар баҳр аст, дар дур меистанд. 18Дуди сӯхторашро дида, «Оё замоне мисли ин шаҳри бузург шаҳре буд?» – гӯён фиғон мебардоранд. 19Онҳо мӯйканон, гиряву нола мекунанд ва фарёд намуда мегӯянд:
«Вой, вой бар ҳоли зорат, эй шаҳри бузург,
ки аз сарвати зиёди ту ҳама киштидорони баҳр сарватманд шуданд!
Аммо соате нагузашта, ба харобазор табдил ёфтӣ.
20Эй осмон! Эй муқаддасону фиристодагону пайғамбарон!
Шумо шодӣ кунед, чунки Худо онро ба хотири шумо ҷазо дод».
21Сипас, як фариштаи тавоно санги калонеро, ки монанди санги осиё буд бардошта, ба баҳр партофт ва гуфт:
«Шаҳри бузурги Бобил мисли ҳамин санги осиё фурӯ хоҳад рехт
ва дигар бунёд нахоҳад шуд.
22Садои торнавозону сарояндагон ва навои наю карнайнавозон аз ту дигар ба гӯш нахоҳад расид.
Дигар ягон касбу ҳунар ё ҳунарманде дар ту нахоҳад монд.
Садои гардиши сангҳои осиё дигар аз ту шунида нахоҳад шуд.
23Нури чароғ шаҳри Бобилро дигар равшан нахоҳад кард
ва овози домоду арӯс аз он дигар ба гӯшҳо нахоҳад расид,
чунки савдогаронаш мирони замин буданд
ва он бо сеҳру ҷодуҳояш халқҳои тамоми ҷаҳонро гумроҳ намуд.
24Дар кӯчаҳоят хуни пайғамбарону имондорони муқаддас
ва ҳамаи кушташудагони рӯйи замин ёфт шудааст».

Currently Selected:

Ошкорсозӣ* 18: KMO

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in