Он гоҳ Айюб бархоста, ҷомаи худро чок зад, ва мӯйсари худро гирифт, ва бар замин афтода, саҷда бурд.
Ва гуфт: «Аз батни модари худ бараҳна берун омадам, ва ба он ҷо бараҳна хоҳам баргашт. Худованд дод, ва Худованд гирифт. Исми Худованд муборак бод»!
Дар ҳамаи ин Айюб хатое накард, ва аз Худо шикоят нанамуд.