Рӯҳи Худованд Худо бар Ман аст,
зеро ки Худованд Маро тадҳин намудааст:
Маро фиристодааст, то ки ба мискинон башорат диҳам,
шикастадилонро шифо бахшам,
озодиро ба асирон ва фатҳи зиндонро ба бандиён эълон намоям;
Соли таваҷҷӯҳи Худованд
ва рӯзи интиқоми Худои моро эълон намоям,
ҳамаи мотамзадагонро тасаллӣ бахшам;
Мотамзадагони Сионро ато намуда,
ба онҳо афсаре ба ҷои хокистар бидиҳам,
ва равғани шодмонӣ — ба ҷои мотам,
ва ридои ҷалол — ба ҷои рӯҳи андӯҳгин;
ва онҳо дарахтони адолат номида хоҳанд шуд,
ки Худованд барои ҷалоли Худ шинондааст.