Ишаъё 61:1-3
Ишаъё 61:1-3 KM92
Рӯҳи Худованд Худо бар Ман аст, зеро ки Худованд Маро тадҳин намудааст: Маро фиристодааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва фатҳи зиндонро ба бандиён эълон намоям; Соли таваҷҷӯҳи Худованд ва рӯзи интиқоми Худои моро эълон намоям, ҳамаи мотамзадагонро тасаллӣ бахшам; Мотамзадагони Сионро ато намуда, ба онҳо афсаре ба ҷои хокистар бидиҳам, ва равғани шодмонӣ — ба ҷои мотам, ва ридои ҷалол — ба ҷои рӯҳи андӯҳгин; ва онҳо дарахтони адолат номида хоҳанд шуд, ки Худованд барои ҷалоли Худ шинондааст.





