1
Воиз 1:18
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Зеро ки ба қадри афзудани ҳикмат ғусса меафзояд, ва ҳар кӣ донишро зиёд кунад, азобро зиёд мекунад.
Compare
Explore Воиз 1:18
2
Воиз 1:9
Он чи буд, ҳамон аст, ки хоҳад буд; ва он корҳое ки карда шуд, ҳамон аст, ки карда хоҳад шуд, ва ҳеҷ чизи тозае дар таҳти офтоб нест.
Explore Воиз 1:9
3
Воиз 1:8
Ҳамаи чизҳо дилгиркунанда аст; касе наметавонад инро ифода намояд, чашм аз дидан сер намешавад, ва гӯш аз шунидан пур намешавад.
Explore Воиз 1:8
4
Воиз 1:2-3
Ҳеҷу пуч аст, гуфт Воиз, ҳеҷу пуч аст, ҳама чиз ҳеҷу пуч аст! Чӣ суд аст барои одамизод аз тамоми меҳнате ки дар таҳти офтоб мекунад?
Explore Воиз 1:2-3
5
Воиз 1:14
Ҳамаи корҳоеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дидам, ва инак, ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!
Explore Воиз 1:14
6
Воиз 1:4
Насле меравад, ва насле меояд, вале замин то абад меистад.
Explore Воиз 1:4
7
Воиз 1:11
Зикре аз гузаштагон нест, ва низ аз ояндагон, ки меоянд, зикре нахоҳад буд назди онҳое ки баъдтар хоҳанд омад.
Explore Воиз 1:11
8
Воиз 1:17
Ва дили худро ба донистани ҳикмат ва шинохтани фисқу фуҷур ва ҳамоқат ниҳодам; вале фаҳмидам, ки ин низ бод паймудан аст.
Explore Воиз 1:17