1
Воиз 2:26
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Зеро ба одаме ки дар назари Ӯ нек аст, Худо ҳикмат ва дониш ва айшу тараб мебахшад, вале ба хатокор ғами ғун кардан ва андӯхтанро мебахшад, то ки онро ба касе ки дар назари Худо нек аст, бидиҳад. Ин низ ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!
Compare
Explore Воиз 2:26
2
Воиз 2:24-25
Барои одамизод чизе хубтар аз ин нест, ки бихӯрад ва бинӯшад ва ҷони худро аз меҳнати худ лаззат диҳад; аммо дидам, ки ин низ аз дасти Худост. Зеро бе изни Худо кист, ки тавонад бихӯрад, ва кист, ки тавонад лаззат барад?
Explore Воиз 2:24-25
3
Воиз 2:11
Вале ман ба ҳамаи корҳои худ, ки дастҳоям карда буд, ва ба меҳнате ки дар карданаш машаққат кашида будам, назар андохтам, — ва инак, ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст, ва дар таҳти офтоб суде надорад!
Explore Воиз 2:11
4
Воиз 2:10
Ва ҳар чизе ки чашмонам ҳавас кард, аз онҳо дареғ надоштам; дили худро аз ҳеҷ айшу тараб боздорӣ накардам, чунки дилам аз ҳар меҳнати ман шод мешуд, — ва насибаи ман аз ҳар меҳнатам ҳамин буд.
Explore Воиз 2:10
5
Воиз 2:13
Ва ман дидам, ки бартарии ҳикмат бар ҳамоқат монанди бартарии рӯшноӣ бар торикист.
Explore Воиз 2:13
6
Воиз 2:14
Чашмони хирадманд дар сари ӯ воз аст, вале аблаҳ дар торикӣ роҳ меравад. Ва ман онро низ донистам, ки айни як воқеа ба ҳамаи онҳо рӯй хоҳад дод.
Explore Воиз 2:14
7
Воиз 2:21
Зеро одаме ҳаст, ки бо ҳикмат ва дониш ва истеъдод меҳнат кардааст, ва онро бояд чун насибаи муносибе ба шахсе бидиҳад, ки дар он ҳеҷ машаққат накашидааст. Ин низ ҳеҷу пуч ва шарорати азим аст!
Explore Воиз 2:21