YouVersion Logo
Search Icon

Масалҳо 1

1
БОБИ ЯКУМ
Насиҳат ба ҷавонон. Таҳдид ба беитоатон.
1Масалҳои Сулаймон, ибни Довуд, подшоҳи Исроил,
2Барои донистани ҳикмат ва насиҳат,
барои фаҳмидани суханони хирад,
3Ва омӯхтани хулқу адаб,
адолат, инсоф ва ҳаққоният,
4То ки ба соддадилон зиракӣ бахшанд,
ба ҷавонон — дониш ва фаросат;
5Хирадманд бишнавад, ва донишаш биафзояд; ва оқил тадбирсоз гардад,
6То ки масал ва гуфтори кинояомезро,
суханони хирадмандон ва муаммоҳои онҳоро дарк намояд.
7Худотарсӣ ибтидои дониш аст;
беақлон аз ҳикмат ва насиҳат нафрат доранд.
8Эй писарам! Насиҳати падари худро бишнав,
ва таълими модари худро рад накун,
9Чунки ин — тоҷи латофат аст бар сари ту ва тавқҳо бар гардани ту.
10Эй писарам! Агар гуноҳкорон туро иғво кунанд,
ба онҳо таслим нашав;
11Агар гӯянд: «Бо мо биё,
то ки барои рехтани хун камин гирем,
аз паи бегуноҳе ки беайб бошад, бипоем;
12Онҳоро зинда ба зинда, мисли касоне ки дар гӯр
ва ба сояи дӯзах фурӯ мераванд;
ба коми худ бикашем;
13Ҳар навъ молу мулки гаронбаҳо ба даст меоварем,
хонаҳои худро аз ғанимат пур мекунем;
14Бо мо ҳамдасту шарик бош,
ва ҳамаи моро як ҳамьён хоҳад буд», —
15Эй писарам! Бо онҳо дар як роҳ равона нашав,
ва пои худро аз тариқи онҳо нигоҳ дор,
16Чунки пойҳои онҳо сӯи бадӣ медавад
ва барои хунрезӣ мешитобад.
17Дар назари ҳамаи болдорон дом
бар абас ниҳода шудааст,
18Валекин онҳо барои рехтани хуни худ камин мегиранд
ва аз паи ҷонҳои худ мепоянд.
19Чунин аст тариқи ҳар касе ки ба чизи дигарон тамаъ кунад:
он чиз ҷони тасарруфкунандаи худро мегирад.
20Ҳикмат дар кӯча нидо мекунад,
дар майдонҳо овози худро мебарорад,
21Дар сари гузарҳо даъват менамояд,
дар даҳани дарвозаҳо ва дар шаҳр суханонашро мегӯяд:
22«Эй соддадилон! То ба кай соддагиро дӯст хоҳед дошт?
То ба кай масхарабозон аз масхарабозӣ лаззат хоҳанд бурд?
Ва аблаҳон ба дониш адоват хоҳанд дошт?
23Ба мазаммати ман руҷӯъ кунед!
Инак, рӯҳи худро ба шумо ифода менамоям,
суханонамро ба шумо баён мекунам.
24Ман даъват намудам, ва шумо эътино накардед,
дастамро дароз кардам, ва касе таваҷҷӯҳ накард.
25Чун ҳамаи машваратҳои маро рад кардед,
ва мазаммати маро қабул накардед,
26Ман низ дар вақти мусибати шумо хоҳам хандид,
ва ҳангоме ки тарсу бим бар шумо биёяд, истеҳзо хоҳам кард, —
27Ҳангоме ки тарсу бим бар шумо мисли тундбод биёяд,
ва мусибат шуморо мисли гирдбод фаро гирад,
ҳангоме ки андӯҳ ва тангӣ бар шумо биёяд.
28Он гоҳ маро хоҳанд хонд, ва ман иҷобат нахоҳам кард;
аз субҳидам маро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва маро нахоҳанд ёфт.
29Азбаски онҳо ба дониш адоват доштанд
ва худотарсиро интихоб накарданд,
30Машварати маро напазируфтанд,
аз ҳамаи мазамматҳои ман нафрат карданд, —
31Бинобар ин аз меваи рафтори худ хоҳанд хӯрд
ва аз дасисаҳои худ сер хоҳанд шуд,
32Чунки каҷравии соддадилон онҳоро хоҳад кушт,
ва худписандии аблаҳон онҳоро ба ҳалокат хоҳад расонд.
33Валекин ҳар кӣ маро бишнавад, дар амният сукунат хоҳад дошт
ва аз бими шарорат эмин хоҳад буд».

Currently Selected:

Масалҳо 1: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy