Нома ба Филиппиён 3
3
БОБИ СЕЮМ
Огоҳонидан аз баргаштан ба ақидаи яҳудиён дар бораи сафедшавӣ ба воситаи аъмол.
Бузургии беҳадди дониши Исо.
1Пас, эй бародаронам, дар Худованд шод бошед. Айни ҳамон нуктаро ба шумо навиштанам барои ман гарон нест, лекин барои шумо кувватбахш аст.
2Аз сагон эҳтиёт шавед, аз коркунони бад эҳтиёт шавед, аз хатна эҳтиёт шавед;
3Зеро аҳли хатна моем, ки Худоро дар Рӯҳ ибодат менамоем, ва бо Исои Масеҳ фахр мекунем, ва ба ҷисм эътимод надорем,
4Гарчанде ки маро асосе ҳаст ба ҷисм ҳам эътимод дошта бошам. Агар каси дигар гумон кунад, ки метавонад ба ҷисм эътимод дошта бошад, ман — бештар,
5Ки ман дар рӯзи ҳаштум маҳтун шудам, аз насли Исроил ҳастам, аз сибти Биньёмин, ибронӣ аз иброниён, аз ҷиҳати шариат — фарисӣ,
6Аз ҷиҳати ғайрат — таъқибкунандаи Калисо, аз ҷиҳати адолати шаръӣ — беайб.
7Лекин он чи барои ман бартарӣ буд, ба ҳотири Масеҳ нуқсон донистам.
8Ва ҳанӯз ҳамаашро ба ҳотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам
9Ва дар Ӯ пайдо шавам, на бо адолати худ, ки аз шариат аст, балки бо он чи ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо адолате ки аз Худо бар ҳасби имон аст,
10То ки Ӯро, ва қуввати эҳьёи Ӯро, ва ширкати уқубатҳои Ӯро дарк намоям ва дар мамоти Ӯ ба Ӯ монанд шавам,
11Ба умеди он ки ба эҳьёи мурдагон бирасам.
12На ин ки аллакай расида бошам, ё комил шуда бошам, балки саъю кӯшиш менамоям, ки шояд ман ҳам бирасам, чунон ки Исои Масеҳ ба ман расидааст.
13Эй бародарон, гумон намекунам, ки ман аллакай расида бошам, балки фақат як чизро мегӯям: он чиро, ки дар қафост, аз ҳотир бароварда ва ба пеш ҳаракат карда,
14Ман сӯи мақсаде шитоб менамоям, ки фарҷоми ғолибонаи даъвати Худост аз арши аъло дар Исои Масеҳ.
15Пас, ҳар касе аз мо, ки комил бошад, бояд ҳамин тавр фикр ронад; вале агар шумо фикри дигаре дошта бошед, Худо инро ҳам ба шумо ошкор ҳоҳад соҳт.
16Аммо ба ҳар чи мо расидаем, аз рӯи он бояд рафтор кунем.
Онҳое ки ба таври дуньёвӣ фикр мекунанд ва табааи осмон мебошанд.
17Эй бародарон, ба ман тақлид намоед ва ба касоне нигоҳ кунед, ки онҳо мувофиқи намунае ки дар мо доред, рафтор мекунанд.
18Зеро бисьёр касон, ки дар бораи онҳо ба шумо борҳо гуфтаам, ва ҳоло низ бо гирья мегӯям, ҳамчун душманони салиби Масеҳ рафтор мекунанд;
19Фарҷоми онҳо ҳалокат аст, худои онҳо шикам аст, ва ҷалоли онҳо дар нанг аст: онҳо дар бораи чизҳои заминӣ фикр мекунанд.
20Лекин иқоматгоҳи мо акнун дар осмон аст, ки аз он ҷо Исои Масеҳи Худовандро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор дорем,
21Ки Ӯ ҷисми залили моро ба шабоҳати ҷисми ҷалили Ӯ бо амали ҳамон қуввате дигаргун ҳоҳад кард, ки бо он Ӯ ҳама чизро ба Худ тобеъ намуда метавонад.
Currently Selected:
Нома ба Филиппиён 3: KM92
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.