YouVersion Logo
Search Icon

Нома ба Филиппиён 1

1
БОБИ ЯКУМ
Масеҳ ҳаёти имондор аст.
1Павлус ва Тимотиюс, ғуломони Исои Масеҳ, ба ҳамаи муқаддасон дар Исои Масеҳ, ки дар Филиппӣ мебошанд, бо усқуфон#1:1 Дар асри якуми милодӣ усқуф роҳбари калисои маҳаллӣ буд. ва ходимон:
2Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
3Дар ҳар боре ки шуморо ёд мекунам, Худои худро шукр мегӯям,
4Ҳамеша дар ҳар дуои худ барои ҳамаи шумо бо шодӣ дуо мегӯям,
5Барои иштироки шумо дар башорат аз рӯзи аввал то алҳол,
6Ва яқин дорам, ки Ӯ, ки дар шумо ба кори хайр шурӯъ намудааст, онро то рӯзи Исои Масеҳ ба анҷом хоҳад расонд,
7Чунон ки маро лозим аст дар бораи ҳамаи шумо ҳамин тавр фикр кунам, чунки шумо дар дили ман ҷойгир шудаед, ки ҳам дар занҷирҳоям ва ҳам дар муҳофизат ва барқарор кардани башорат ҳамаатон шарики ман дар файз ҳастед.
Шодие ки уқубатро мағлуб мекунад, ба башорат мадад мерасонад.
8Зеро Худо маро шоҳид аст, ки ман бо муҳаббати Исои Масеҳ иштиёқманди ҳамаи шумо ҳастам;
9Ва дар он хусус дуо мегӯям, ки муҳаббати шумо дар дониш ва мулоҳизакорӣ торафт афзунтар гардад,
10То шумо дарк намоед, ки чӣ беҳтар аст, барои он ки дар рӯзи Масеҳ пок ва беайб бошед,
11Ва аз самари адолат пур шавед, ки он ба василаи Исои Масеҳ барои ҷалол ва ҳамду санои Худост.
12Эй бародарон, мехоҳам шумо бидонед, ки саргузашти ман боиси пешрафти зиёдтари башорат гардидааст,
13Ба тавре ки занҷирҳои ман дар Исо ба тамоми сарбозхона ва ба ҳамаи дигарон машҳур шудааст,
14Ва аксарияти бародарон аз занҷирҳои ман дар Худованд устувор гардида, ба андозаи бештар ҷасорат мекунанд, ки каломи Худоро нотарс мавъиза намоянд.
15Дуруст аст, ки баъзе касон аз рӯи ҳасад ва рақобат, ва баъзеи дигарон аз рӯи хайрхоҳӣ Масеҳро мавъиза менамоянд:
16Баъзеҳо аз рӯи рақобат, на бо дили соф Масеҳро мавъиза менамоянд, ба гумони он ки гаронии занҷирҳои маро афзун мекунанд,
17Вале дигарон аз рӯи муҳаббат, чун медонанд, ки ман барои муҳофизат кардани башорат дар ин ҷо гузошта шудаам.
18Хайр, чӣ мешавад? Масеҳро ба ҳар тарз, риёкорона ё самимона, мавъиза намоянд ҳам, ман аз ин шодам, ва шодӣ хоҳам кард,
19Зеро медонам, ки ин боиси наҷоти ман хоҳад шуд, мувофиқи дуои шумо ва бо мадади Рӯҳи Исои Масеҳ,
20Ва ман яқин дорам ва умедворам, ки дар ҳеҷ хусус шарманда нахоҳам шуд, балки бо камоли ҷуръат ҳозир ҳам, чунон ки ҳамеша буд, Масеҳ дар ҷисми ман бузургӣ хоҳад ёфт, хоҳ дар ҳаёт бошад, хоҳ дар мамот.
21Зеро ки барои ман ҳаёт — Масеҳ аст, ва мамот — фоида аст.
22Аммо агар ба ҳасби ҷисм дар ҳаёт буданам ба кори ман самаре мебахшида бошад, пас намедонам, ки кадомашро интихоб намоям.
23Ҳар дуяш ҳам маро ҷазб мекунад: орзу дорам, ки баромада равам ва ҳамроҳи Масеҳ бошам, чунки ин беандоза беҳтар аст;
24Валекин дар ҷисм монданам барои шумо заруртар аст.
25Ва ман аниқ медонам, ки хоҳам монд ва барои пешрафт ва шодии имони шумо бо ҳамаи шумо хоҳам буд,
26То ки ҳамду санои шумо дар Исои Масеҳ ба воситаи ман афзунтар шавад, чун бори дигар назди шумо биёям.
Даъват ба ҷидду ҷаҳди якдилона барои имони Инҷил.
27Фақат ин ки муносиби башорати Масеҳ умр гузаронед, то ки ман — хоҳ омада шуморо бинам, хоҳ аз шумо дур бошам — дар бораи шумо бишнавам, ки шумо дар як рӯҳ қоим буда, якдилона барои имони Инҷил ҷидду ҷаҳд менамоед,
28Ва дар ҳеҷ хусус аз душманон наметарсед, ки ин барои онҳо аломати ҳалокат аст, вале барои шумо аломати наҷот аст, — ва ин аз ҷониби Худост,
29Зеро ба шумо ба хотири Масеҳ ато шудааст, ки ба Ӯ на танҳо имон оваред, балки барои Ӯ уқубат ҳам кашед,
30Бо ҳамон корнамоие ки шумо дар ман дидаед ва ҳоло дар бораи ман мешунавед.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in