Инҷили Марқӯс 16
16
БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Эҳьёи Исо ва воқеаҳои ин рӯз.
1Баъд аз гузаштани шанбе, Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъқуб буд, ва Салӯмит ҳанут хариданд, то рафта Ӯро тадҳин кунанд.
2Ва саҳарии рӯзи якшанбе, чун офтоб тулӯъ кард, онҳо ба сари қабр омаданд,
3Ва ба ҳамдигар мегуфтанд: «Сангро аз дари қабр барои мо кӣ меғелонад?»
4Чун нигаристанд, диданд, ки санг ғелонда шудааст; ва ҳол он ки он бисьёр бузург буд.
5Ва чун ба қабр даромаданд, ҷавонеро дар тарафи рост нишаста диданд, ки либоси сафед дар бар дошт; ва ҳайрон шуданд.
6Вай ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед. Исои Носирии маслубро ҷустуҷӯ мекунед; Ӯ эҳьё шуд ва дар ин ҷо нест. Инак ҷое ки Ӯро ниҳода буданд.
7Лекин рафта, ба шогирдони Ӯ ва ба Петрус гӯед, ки Ӯ пеш аз шумо ба Ҷалил меравад; Ӯро, чунон ки ба шумо гуфта буд, дар он ҷо ҳоҳед дид».
8Ва зуд баромада, тозон аз пеши қабр рафтанд; онҳоро ларза ва даҳшат фаро гирифта буд, ва ба касе чизе нагуфтанд, зеро ки метарсиданд.
Фармоиш дар бораи вазифа.
9Саҳарии рӯзи якшанбе эҳьё шуда, аввал ба Марьями Маҷдалия, ки аз вай ҳафт девро берун карда буд, зоҳир шуд.
10Вай рафта, ба ҳамроҳони Ӯ, ки гирьёну нолон буданд, ҳабар дод;
11Лекин онҳо, чун шуниданд, ки Ӯ зинда аст, ва Ӯро вай дидааст, — бовар накарданд.
12Баъд аз он ба сурати дигар ба ду нафари онҳо, ки ба деҳа мерафтанд, дар роҳ зоҳир шуд.
13Ва онҳо баргашта, ба дигарон ҳабар доданд; лекин ба онҳо низ бовар накарданд.
14Ниҳоят ба он ёздаҳ, ки дар сари суфра нишаста буданд, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонӣ ва дилсахтиашон сарзаниш кард, зеро ба онҳое ки Ӯро эҳьёшуда дида буданд, бовар накардаанд.
15Ва ба онҳо гуфт: «Ба тамоми олам биравед ва Инҷилро ба ҳамаи маҳлуқот мавъиза кунед.
16Ҳар кӣ имон оварда, таъмид ёбад, наҷот ҳоҳад ёфт; лекин ҳар кӣ имон наоварад, маҳкум хоҳад шуд.
17Ва ин аломот ҳамроҳи имондорон ҳоҳад буд: ба исми Ман девҳоро берун кунанд ва ба забонҳои нав сухан гӯянд;
18Ва морҳоро гиранд; ва агар заҳри қотиле бихӯранд, ба онҳо осеб нарасонад; ва даст бар беморон ниҳанд, онҳо шифо ёбанд».
Сууди Исо.
19Ва Худованд, пас аз он ки ба онҳо сухан гуфт, ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишаст.
20Ва онҳо берун рафта, дар ҳар ҷо мавъиза мекарданд, ва Худованд ба онҳо мадад мерасонд ва бо аломоти баъдина каломро собит мегардонд.
Currently Selected:
Инҷили Марқӯс 16: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.