YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Матто 2

2
БОБИ ДУЮМ
Омадани мунаҷҷимон.
1Чун Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар Байт‐Лаҳми Яҳудо таваллуд ёфт, аз ҷониби шарқ ба Ерусалим мунаҷҷимон омада, гуфтанд:
2«Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Зеро ки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки Ӯро парастиш кунем».
3Чун подшоҳ Ҳиродус инро шунид, дар изтироб афтод, ва бо вай тамоми Ерусалим ҳам.
4Ва ҳамаи саркоҳинон#2:4 саркоҳинон — рӯҳонии (коҳини) бузург. ва китобдонони#2:4 китобдонони — донандаи Таврот. қавмро ҷамъ карда, аз онҳо пурсид, ки Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд ёбад?
5Ба вай гуфтанд: «Дар Байт‐Лаҳми Яҳудо, зеро ки ба воситаи набӣ чунин навишта шудааст:
6„Ва ту, эй Байт‐Лаҳм, замини Яҳудо,
аз дигар ноҳияҳои Яҳудо ҳеҷ камӣ надорӣ;
зеро ки аз ту Пешвое ба майдон хоҳад омад,
ки Ӯ қавми Ман — Исроилро чӯпонӣ хоҳад кард“».
7Он гоҳ Ҳиродус мунаҷҷимонро пинҳонӣ даъват намуда, вақти пайдоиши ситораро аз онҳо фаҳмида гирифт,
8Ва онҳоро ба Байт‐Лаҳм равона карда, гуфт: «Биравед ва аз аҳволи Кӯдак дурустакак пурсуҷӯй кунед ва ҳамин ки Ӯро ёфтед, ба ман хабар диҳед, то ки ман ҳам рафта, Ӯро парастиш кунам».
9Онҳо суханони подшоҳро шунида, равона шуданд. Ва инак, ситорае ки дар шарқ дида буданд, пешопеши онҳо мерафт ва ба болои он ҷое ки Кӯдак буд, расида, биистод.
10Ва ситораро дида, беандоза шод ва хушҳол гардиданд,
11Ва ба хона даромада, Кӯдакро бо модараш Марьям диданд, ва зону зада, Ӯро парастиш карданд; ва ганҷинаҳои худро кушода, инъомҳои тилло, лодан ва мур ба Ӯ тақдим карданд.
12Ва чун дар хоб ба онҳо ваҳй омад, ки ба назди Ҳиродус барнагарданд, онҳо аз роҳи дигар ба ватани худ равона шуданд.
Фирор ба Миср.
13Вақте ки онҳо баромада рафтанд, фариштаи Худованд дар хоб ба Юсуф зоҳир шуда, гуфт: «Бархез ва Кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср фирор кун ва дар он ҷо бош, то вақте ки ба ту гӯям; зеро ки Ҳиродус Кӯдакро ҷустуҷӯ хоҳад намуд, то ки Ӯро нобуд кунад».
14Ва шабона бархоста, Кӯдакро бо модараш гирифта, сӯи Миср равона шуд,
15Ва то вафоти Ҳиродус дар он ҷо бимонд, то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони набӣ гуфтааст: «Аз Миср Писари Худро хондам».
Қатли кӯдакон.
16Чун Ҳиродус дид, ки мунаҷҷимон ӯро фиреб доданд, бисьёр хашмгин шуд ва фиристода, ҳамаи кӯдаконро дар Байт‐Лаҳм ва тамоми ҳудуди он, мувофиқи вақте ки аз мунаҷҷимон фаҳмида гирифта буд, аз дусола ва камтар ба қатл расонд.
17Он гоҳ ба амал омад каломе ки бо забони Ирмиёи набӣ гуфта шудааст:
18«Овозе дар Ромо шунида шуд,
овози гирья ва нола ва мотами азим;
Роҳел барои фарзандони худ гирья мекунад ва тасаллӣ намеёбад,
зеро ки нестанд».
Баргаштан ба Носира.
19Чун Ҳиродус мурд, фариштаи Худованд дар Миср ба Юсуф дар хоб зоҳир шуд,
20Ва гуфт: «Бархез, Кӯдакро бо модараш гирифта, ба сарзамини Исроил равона шав, зеро онҳое ки қасди ҷони Кӯдак доштанд, мурданд».
21Ва ӯ бархоста, Кӯдакро бо модараш гирифт ва ба сарзамини Исроил омад.
22Лекин чун шунид, ки Аркилоус ба ҷои падари худ Ҳиродус дар Яҳудо подшоҳӣ мекунад, аз рафтан ба он ҷо тарсид; ва дар хоб ваҳй ёфта, ба ноҳияи Ҷалил рафт,
23Ва чун расид, дар шаҳре ки Носира ном дорад, маскан гирифт, то ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст, ки Ӯ Носирӣ хонда хоҳад шуд.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy