YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Матто 1

1
БОБИ ЯКУМ
Насабномаи Исо.
1Насабномаи Исои Масеҳ, Писари Довуд, Писари Иброҳим.
2Иброҳим Исҳоқро ба дуньё овард; ва Исҳоқ Яъқубро ба дуньё овард; ва Яъқуб Яҳудо ва бародарони ӯро ба дуньё овард;
3Ва Яҳудо Форас ва Зораҳро аз Томор ба дуньё овард; ва Форас Ҳесрӯнро ба дуньё овард; ва Ҳесрӯн Ромро ба дуньё овард;
4Ва Ром Аминодобро ва дуньё овард; ва Аминодоб Наҳшӯнро ба дуньё овард; ва Наҳшӯн Салмӯнро ба дуньё овард;
5Ва Салмӯн Бӯазро аз Роҳоб ба дуньё овард; ва Бӯаз Убидро аз Рут ба дуньё овард; ва Убид Йисойро ба дуньё овард;
6Ва Йисой подшоҳ Довудро ба дуньё овард; ва подшоҳ Довуд Сулаймонро аз зани Уриё ба дуньё овард;
7Ва Сулаймон Раҳабъомро ба дуньё овард; ва Раҳабъом Абиёро ба дуньё овард; ва Абиё Осоро ба дуньё овард;
8Ва Осо Еҳӯшофотро ба дуньё овард; ва Еҳӯшофот Еҳӯромро ба дуньё овард; ва Еҳӯром Узиёро ба дуньё овард;
9Ва Узиё Ютомро ба дуньё овард; ва Ютом Оҳозро ба дуньё овард; ва Оҳоз Ҳизқиёро ба дуньё овард;
10Ва Ҳизқиё Менашшеро ба дуньё овард; ва Менашше Омӯнро ба дуньё овард; ва Омӯн Йӯшиёро ба дуньё овард;
11Ва Йӯшиё Еконьё ва бародарони ӯро дар замони ҷалои Бобил ба дуньё овард;
12Ва баъд аз ҷалои Бобил Еконьё Шаалтиилро ба дуньё овард; ва Шаалтиил Зарубобилро ба дуньё овард;
13Ва Зарубобил Абиҳудро ба дуньё овард; ва Абиҳуд Эльёқимро ба дуньё овард; ва Эльёқим Озурро ба дуньё овард;
14Ва Озур Содӯқро ба дуньё овард; ва Содӯқ Ёкинро ба дуньё овард; ва Ёкин Элиҳудро ба дуньё овард;
15Ва Элиҳуд Элъозорро ба дуньё овард; ва Элъозор Маттонро ба дуньё овард; ва Маттон Яъқубро ба дуньё овард;
16Ва Яъқуб Юсуф, шавҳари Марьямро ба дуньё овард, ва аз Марьям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ номида мешавад.
17Пас, ҳамаи наслҳо аз Иброҳим то Довуд чордаҳ насл аст; ва аз Довуд то ҷалои Бобил чордаҳ насл аст; ва аз ҷалои Бобил то Масеҳ чордаҳ насл аст.
Ҳомилагии Марьям ва таваллуди Исои Масеҳ.
18Ва мавлуди Исои Масеҳ чунин буд: вақте ки модари Ӯ Марьям ба ақди Юсуф даромад, пеш аз он ки ҳамбистар шаванд, маълум гардид, ки вай аз Рӯҳулқудс ҳомиладор аст.
19Ва шавҳари вай Юсуф, ки марди одил буд ва намехост вайро нангин кунад, ба дили худ гуфт, ки вайро пинҳонӣ ҷавоб дода фиристонам.
20Аммо вақте ки ӯ дар чунин андеша буд, фариштаи Худованд дар хоби ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд! Аз гирифтани зани худ Марьям натарс; зеро ки он чи дар вай ба вуҷуд омадааст, аз Рӯҳулқудс аст;
21Ва Писаре хоҳад зоид, ва ту Ӯро Исо хоҳӣ номид; зеро ки Ӯ қавми Худро аз гуноҳҳошон наҷот хоҳад дод».
22Ва ҳамаи ин воқеъ шуд, то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони набӣ гуфтааст:
23«Инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳанд номид, ки маънояш ин аст: Худо бо мо».
24Ва Юсуф аз хоб бедор шуда, ончунон рафтор кард, ки фариштаи Худованд ба ӯ фармуда буд, ва зани худро қабул кард.
25Ва бо вай ҳамбистар нашуд то даме ки вай Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро Исо ном ниҳод.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy