YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 38

38
БОБИ СИЮ ҲАШТУМ
Ирмиё дар чоҳ. Ӯ ба подшоҳ машварат медиҳад, ки ба душман муқобилият накунад.
1Ва Шафатьё ибни Маттон ва Ҷадальё ибни Пашҳур ва Юхал ибни Шелемьё ва Пашҳур ибни Малкиё суханони Ирмиёро шуниданд, ки ба тамоми қавм рӯ оварда, мегуфт:
2«Худованд чунин мегӯяд: касе ки дар ин шаҳр бимонад, аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо хоҳад мурд; ва ҳар кӣ назди калдониён биравад, хоҳад зист, ва ҷонаш барои вай ғанимат гардида, зинда хоҳад монд.
3Худованд чунин мегӯяд: ин шаҳр ҳатман ба дасти лашкари подшоҳи Бобил супурда хоҳад шуд, ва ӯ онро забт хоҳад кард».
4Ва мирон ба подшоҳ гуфтанд: «Бигзор ин шахс ба қатл расонида шавад, зеро дастҳои ҷанговаронеро, ки дар ин шаҳр боқӣ мондаанд, ва дастҳои тамоми қавмро суст мекунад, чунки чунин суханро ба онҳо мегӯяд; зеро ин шахс барои ин қавм осоиштагиро не, балки мусибатро металабад».
5Ва подшоҳ Сидқиё гуфт: «Инак, ӯ дар дасти шумост, зеро ки подшоҳ бар хилофи шумо наметавонад коре кунад».
6Ва Ирмиёро гирифта, дар чоҳи Малкиёи писари подшоҳ, ки дар саҳни посгоҳ буд, андохтанд, ва Ирмиёро бо таноб фурӯд оварданд, ва дар чоҳ об набуд, балки лӯш буд, ва Ирмиё дар лӯш ғӯтид.
7Ва Абдумалики Ҳабашӣ, ки дар хонаи подшоҳ хоҷасарой буд, шунид, ки Ирмиёро дар чоҳ андохтаанд; ва подшоҳ назди дарвозаи Биньёмин нишаста буд.
8Ва Абдумалик аз хонаи подшоҳ берун омад ва ба подшоҳ рӯ оварда, гуфт:
9«Эй оғоям подшоҳ! Ин одамон бо ҳар чи дар ҳаққи Ирмиёи набӣ карда, ӯро дар чоҳ андохтаанд, шарирона амал намудаанд, ва ӯ он ҷо аз гуруснагӣ хоҳад мурд, зеро ки дар шаҳр дигар нон нест».
10Ва подшоҳ ба Абдумалики Ҳабашӣ амр фармуда, гуфт: «Сӣ нафар аз ин ҷо ҳамроҳи худ бигир ва Ирмиёи набиро, пеш аз он ки бимирад, аз чоҳ берун овар».
11Ва Абдумалик одамонро ҳамроҳи худ гирифт, ва дар хонаи подшоҳ ба таҳхонаи хазина даромад, ва аз он ҷо латтапораҳо ва либосҳои кӯҳнаро гирифт, ва бо таноб онҳоро назди Ирмиё дар чоҳ фурӯд овард.
12Ва Абдумалики Ҳабашӣ ба Ирмиё гуфт: «Ин латтапораҳо ва либоси кӯҳнаро зери қӯлтуқат аз таги таноб бимон». Ва Ирмиё ҳамин тавр кард.
13Ва Ирмиёро бо таноб кашиданд, ва ӯро аз чоҳ берун оварданд, ва Ирмиё дар саҳни посгоҳ монд.
14Ва подшоҳ Сидқиё кас фиристода, Ирмиёи набиро ба воситаи даромадгоҳи сеюме ки дар хонаи Худо буд, назди худ оваронид; ва подшоҳ ба Ирмиё гуфт: «Ман аз ту чизе мепурсам, аз ман ҳеҷ чизро пинҳон надор».
15Ва Ирмиё ба Сидқиё гуфт: «Агар ба ту бигӯям, ту, охир, маро хоҳӣ кушт, ва агар машварате ба ту бидиҳам, ту, охир, маро нахоҳӣ шунид!»
16Ва подшоҳ Сидқиё ба таври ниҳонӣ ба Ирмиё қасам хӯрда, гуфт: «Ба ҳаёти Худованде ки барои мо ин ҷонро офаридааст, қасам ки ман туро нахоҳам кушт ва ба дасти ин одамоне ки толиби ҷони ту ҳастанд, нахоҳам супурд».
17Ва Ирмиё ба Сидқиё гуфт: «Худованд, Худои лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: агар ту назди мирони подшоҳи Бобил берун оӣ, чони ту зинда хоҳад монд, ва ин шаҳр ба оташ сӯзонида нахоҳад шуд, ва ту ва аҳли байти ту хоҳед зист;
18Ва агар назди мирони подшоҳи Бобил берун наоӣ, ин шаҳр ба дасти калдониён супурда хоҳад шуд, ва онҳо онро ба оташ хоҳанд сӯзонид, ва ту аз дасти онҳо раҳо нахоҳӣ шуд».
19Ва подшоҳ Сидқиё ба Ирмиё гуфт: «Ман аз яҳудиёне ки назди калдониён гурехтаанд, метарсам: мабодо маро ба дасти онҳо супоранд, ва онҳо маро таҳқир намоянд».
20Ва Ирмиё гуфт: «Нахоҳанд супурд; дар он чи ман ба ту мегӯям, овози Худовандро бишнав, ва барои ту некӯ хоҳад буд, ва ҷонат зинда хоҳад монд.
21Вале агар ту аз берун омадан сар тобӣ, ин аст каломе ки Худованд ба ман зоҳир намуд:
22„Инак, ҳамаи заноне ки дар хонаи подшоҳи Яҳудо боқӣ мондаанд, назди мирони подшоҳи Бобил бурда хоҳанд шуд, ва онҳо хоҳанд гуфт:
дӯстонат туро иғво андохта, бар ту ғолиб омаданд;
пойҳои ту дар ботлоқ ғӯтидааст, онҳо ақиб рафтаанд.
23Ва ҳамаи занонат ва фарзандонатро назди калдониён хоҳанд баровард, ва ту аз дасти онҳо халосӣ нахоҳӣ ёфт, зеро ки ба дасти подшоҳи Бобил хоҳӣ афтод, ва ин шаҳр ба оташ сӯзонида хоҳад шуд“».
24Ва Сидқиё ба Ирмиё гуфт: «Бигзор ҳеҷ кас аз ин суханон воқиф нашавад, ва он гоҳ ту нахоҳӣ мурд;
25Вале агар мирон бишнаванд, ки бо ту гуфтугӯ кардаам, ва назди ту омада, ба ту бигӯянд: „Лутфан, он чиро, ки ба подшоҳ гуфтӣ, ва он чиро, ки подшоҳ ба ту гуфт, ба мо бигӯй, онро аз мо пинҳон надор, то ки туро ба қатл нарасонем“, —
26Пас ба онҳо бигӯй: „Ман истиғосаи худро ба ҳузури подшоҳ баён намудам, то ки маро ба хонаи Еҳӯнотон барнагардонад, ки дар он ҷо бимирам“».
27Ва ҳамаи мирон назди Ирмиё омада, аз ӯ пурсиданд, ва ӯ бар тибқи ҳамаи ин суханоне ки подшоҳ амр фармуда буд, ба онҳо гуфт, ва онҳо дигар чизе нагуфта, ӯро ба ҳоли худ гузоштанд, чунки аз мусоҳибаи ӯ вуқуф наёфтанд.
28Ва Ирмиё то рӯзи забт гардидани Ерусалим дар саҳни посгоҳ монд. Ва Ерусалим забт гардид.

Currently Selected:

Ирмиё 38: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

Video for Ирмиё 38