Яъқуб 3
3
БОБИ СЕЮМ
Огоҳонидан аз гуноҳҳои забон.
1Эй бародарони ман! Бисьёре аз шумо муаллим нашавед, чун медонед, ки мо ба маҳкумияти бештаре дучор хоҳем шуд,
2Зеро ки ҳамаи мо бисьёр пешпо мехӯрем. Касе ки дар суҳан пешпо намеҳӯрад, вай одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми ҷисмро бикашад.
3Инак, мо ба даҳони аспҳо лаҷом меандозем, то ки ба мо итоат кунанд, ва тамоми ҷисми онҳоро идора мекунем;
4Инак, киштиҳо низ, ҳарчанд бузург бошанд ва ҳарчанд бо бодҳои пурзӯр ронда шаванд ҳам, ба воситаи суккони хурде, ба куҷое ки суккондор ҳоҳад, равона карда мешаванд;
5Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисьёр лоф мезанад. Бубин, оташи ҳурде чӣ гуна ҷангали бузургро месӯзонад.
6Забон низ оташ аст, шарорате дар миёни узвҳои мо мебошад. Тамоми ҷисмро палид мекунад ва доираи ҳаётро оташ медиҳад, дар сурате ки худаш аз ҷаҳаннам оташ мегирад.
7Зеро ки ҳама гуна даррандагон ва паррандагон, хазандагон ва ҳайвоноти баҳрӣ ба воситаи одамизод ром мешавад ва ром шудааст,
8Валекин забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он — шароратест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар.
9Бо он мо Худо ва Падарро муборак мехонем, ва бо он мо ба одамон, ки ба сурати Худо офарида шудаанд, лаънат мегӯем:
10Аз айни як даҳон баракат ва лаънат мебарояд. Эй бародарони ман, набояд ин тавр шавад.
11Оё аз як сӯрохи чашма ҳам оби ширин ва ҳам оби талх ҷорӣ мешавад?
12Эй бародарони ман, дарахти анҷир наметавонад зайтун оварад, ё токи ангур — анҷир: ҳамчунин як чашма наметавонад оби шӯр ва ширин ба вуҷуд оварад.
Ҳикмати ҳақиқӣ ба воситаи рафтор исбот меёбад.
13Оё касе аз шумо ҳаким ва бохирад аст? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад.
14Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талҳ ва худсарӣ доред, фахр накунед ва дар ҳаққи ростӣ дурӯғ нагӯед:
15Ин ҳикмате нест, ки аз боло нозил шуда бошад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад;
16Зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост.
17Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад.
18Ва самараи адолат дар осоиштагӣ кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд.
Currently Selected:
Яъқуб 3: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.