Яъқуб 3:14-18
Яъқуб 3:14-18 KM92
Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талҳ ва худсарӣ доред, фахр накунед ва дар ҳаққи ростӣ дурӯғ нагӯед: Ин ҳикмате нест, ки аз боло нозил шуда бошад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад; Зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост. Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад. Ва самараи адолат дар осоиштагӣ кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд.