YouVersion Logo
Search Icon

Нома ба Ғалотиён 1

1
БОБИ ЯКУМ
Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Худо.
1Павлуси ҳавворӣ, ки на аз ҷониби одамон ва на ба воситаи одамизод аст, балки ба василаи Исои Масеҳ ва Худои Падар, ки Ӯро аз мурдагон эҳьё кардааст,
2Ва ҳамаи бародароне ки бо ман мебошанд, ба калисоҳои Ғалотия:
3Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бар шумо бод,
4Ки Худро барои гуноҳҳои мо дод, то ки моро аз ин олами шарир, мувофиқи иродаи Худо, Падари мо, халос кунад,
5Ки Ӯро то абад ҷалол бод, омин.
Одамоне ки ба изтироб меандозанд.
6Тааҷҷуб менамоям, ки ин қадар зуд шумо аз Он ки шуморо ба файзи Масеҳ даъват намудааст, баргашта, ба башорати дигаре мегузаред,
7Ки он на дигарест, балки фақат баъзе касоне ҳастанд, ки шуморо ба изтироб меандозанд ва башорати Масеҳро таҳриф кардан мехоҳанд.
8Лекин агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон Инҷиле бар хилофи он чи мо ба шумо башорат додаем, ба шумо башорат диҳад, — малъун бод.
9Чунон ки мо пештар гуфта будем, ҳозир ҳам боз мегӯям: агар касе бар хилофи он чи қабул кардаед, ба шумо башорат диҳад, — малъун бод.
10Оё ман алҳол назди одамон хусни таваҷҷӯҳ меҷӯям, ё назди Худо? Оё саъю кӯшиш менамоям дили одамонро ёбам? Агар ман ҳанӯз дили одамонро меёфтам, бандаи Масеҳ намебудам.
Павлус на аз ҷониби одамон, балки аз ҷониби Худо ба ҳавворигӣ даъват шудааст.
11Ба шумо, эй бародарон, эълон мекунам: Инҷиле ки ман башорат додаам, аз они одамизод нест;
12Зеро ки ман онро на аз одамизод қабул кардаам ва таълим гирифтаам, балки ба василаи ваҳйи Исои Масеҳ.
13Зеро шумо тарзи ҳаёти пештараи маро дар миёни яҳудиён шунидаед, ки ман Калисои Худоро аз ҳад зиёд таъқиб менамудам, ва онро несту нобуд мекардам,
14Ва дар дини яхудӣ дар авлодам назар ба бисьёр ҳамсолони худ бештар комьёб будам, дар ҳолате ки барои ривоятҳои падаронам ниҳоятдараҷа ғайрат мекардам.
15Аммо ҳангоме ки Худо, ки маро аз батни модарам баргузида, бо файзи Худ даъват кардааст, таваҷҷӯҳ намуд,
16Ки Писари Худро дар ман ошкор созад, то ки Ӯро дар миёни ҳалқҳо башорат диҳам, — ман он вақт бо ҷисм ва хун машварат накардам,
17Ва ба Ерусалим назди онҳое ки пеш аз ман ҳавворӣ буданд, нарафтам, балки ба Арабистон равона шудам ва боз ба Димишқ баргаштам.
18Сонӣ, пас аз се сол, ба Ерусалим барои дидани Петрус рафтам ва понздаҳ рӯз назди ӯ истодам.
19Аз ҳаввориён, ғайр аз Яъқуби бародари Худованд, каси дигарро надидаам.
20Ва он чи ба шумо менависам, инак, ба ҳузури Худо, дурӯғ намегӯям.
21Пас аз он ман ба кишварҳои Сурия ва Қилиқия равона шудам.
22Аммо калисоҳои Масеҳ дар Яҳудо маро шаҳсан намешиноҳтанд,
23Балки фақат шунида буданд, ки ҳамон шаҳсе ки як вақте онҳоро таъқиб менамуд, ҳоло имонеро башорат медиҳад, ки пештар онро несту нобуд мекард, —
24Ва Худоро ба ҳотири ман мадҳ мегуфтанд.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy