YouVersion Logo
Search Icon

Аъмоли Ҳаввориён 10

10
БОБИ ДАҲУМ
Аз ҷиҳати рӯҳӣ бедор шудани Корнилюси мирисад.
1Дар Қайсария Корнилюс ном марде мирисади фавҷи ба ном Итолиявӣ буд
2Ва бо тамоми аҳли байташ парҳезгор ва ҳудотарс буда, ба қавм садақоти бисьёре медод ва ҳамеша назди Худо дуо мегуфт.
3Рӯзе, тақрибан соати нӯҳ, фариштаи Худоро ошкоро дар рӯъё дид, ки назди ӯ омада, гуфт: «Эй Корнилюс!»
4Ӯ бар вай нигариста ва ба ҳарос афтода, гуфт: «Худовандо, чӣ мефармоӣ?» Ба ҷавоби ӯ гуфт: «Дуоҳо ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфтаанд;
5Акнун ба Ёфо кас фиристода, Шимъӯнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо:
6Ӯ назди Шимъӯн ном даббоғе ки хонааш дар соҳили баҳр аст, меҳмон аст; ӯ ба ту хоҳад гуфт, ки туро чӣ бояд кард».
7Чун он фариштае ки бо Корнилюс сухан гуфт, нопадид шуд, ӯ ду нафар аз навкарони худ ва як сарбози парҳезгорро, аз онҳое ки дар хизматаш буданд, даъват намуд
8Ва тамоми ҳодисаро ба онҳо нақл карда, онҳоро ба Ёфо фиристод.
Рӯъёи Петрус.
9Фардои он, ки онҳо роҳ паймуда, ба шаҳр наздик мешуданд, Петрус тақрибан соати шаш ба боми хона баромад, то ки дуо гӯяд.
10Дар он ҷо гурусна монда, хост чизе бихӯрад, ва ҳангоме ки барои ӯ муҳайё мекарданд, ҳолати бехудӣ ӯро фаро гирифт,
11Ва осмонро кушода дид, ва инак зарфе сӯи ӯ нозил мешуд, монанди суфраи калоне ки аз чор гӯшааш овезон ба замин мефуромада бошад;
12Дар дохили он ҳар гуна чорвои замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳазандагон ва мурғони ҳаво буданд.
13Хитобе ба гӯшаш расид, ки мегуфт: «Эй Петрус, бархоста, забҳ кун ва бихӯр!»
14Аммо Петрус гуфт: «Ҳошо, Худовандо, зеро ки ҳаргиз чизе ҳаром ё палид нахӯрдаам».
15Бори дигар хитобе ба гӯшаш расид, ки мегуфт: «Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нахон».
16Ин ҳодиса се бор такрор ёфт, ва он зарф ба осмон баромад.
Фиристодагони Корнилюс назди Петрус.
17Чун Петрус бисьёр мутаҳайир шуда, фикр мекард, ки ин рӯъё чӣ маънӣ дошта бошад, фиристодагони Корнилюс ҳонаи Шимъӯнро суроғ карда, назди дарвозаи он омаданд
18Ва нидо карда, пурсиданд: «Оё Шимъӯне ки лақабаш Петрус аст, дар ин ҷост?»
19Дар сурате ки Петрус ҳанӯз дар бораи рӯъё андеша мекард, Рӯҳ ба ӯ гуфт: «Инак, се мард туро суроғ мекунанд;
20Пас, барҳоста, фуруд ой ва ҳеҷ шубҳа накарда, ҳамроҳи онҳо бирав, зеро ки Ман онҳоро фиристодаам».
21Петрус назди одамоне ки аз ҷониби Корнилюс сӯи ӯ фиристода шуда буданд, фуромада, гуфт: «Манам он касе ки суроғ мекунед; ба чӣ кор омадаед?»
22Гуфтанд: «Корнилюси мирисад, ки марди некӯкор ва худотарс ва назди тамоми қавми яҳудӣ некном аст, аз фариштаи муқаддас фармон гирифтааст, ки туро ба хонаи худ даъват намояд ва суханонатро бишнавад».
Петрус ба Қайсария меравад.
23Онҳоро ба хона таклиф карда, зиёфат дод, ва рӯзи дигар бархоста, ҳамроҳашон равона шуд, ва чанд нафар аз бародарон, ки аҳли Ёфо буданд, бо ӯ рафтанд.
24Фардои он ба Қайсария расиданд. Корнилюс, ки хешу табор ва дӯстони наздикашро даъват карда буд, ба онҳо интизорӣ дошт.
25Вақте ки Петрус дохили хона мешуд, Корнилюс ӯро пешвоз гирифт ва бар пойҳояш афтода, таъзим кард.
26Аммо Петрус ӯро ба по хезонда, гуфт: «Бархез, зеро ки ман низ инсон ҳастам».
27Бо ӯ сӯҳбаткунон ба хона даромада, дид, ки мардуми бисьёре ҷамъ омадаанд;
28Ба онҳо гуфт: «Шумо ҳуб медонед, ки ба яҳудӣ бо шахси бегона муошират доштан ё наздик шудан мамнӯъ аст, вале Худо ба ман дастур дод, ки ҳеҷ касро палид ё наҷис надонам;
29Бинобар ин, вақте ки даъват шудам, бечуну чаро омадам, ва акнун мепурсам: аз барои чӣ маро даъват намудаед?»
30Корнилюс гуфт: «Чор рӯз пеш аз ин ман то ҳамин соат рӯза доштам ва дар соати нӯҳум дар хонаи худ дуо мегуфтам, ки ногоҳ шахсе бо либоси нуронӣ пеши ман пайдо шуд
31Ва гуфт: „Эй Корнилюс! Дуоҳои ту мустаҷоб шуд ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфт;
32Акнун ба Ёфо фиристода, Шимъӯнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо: ӯ дар хонаи Шимъӯн ном даббоғе дар соҳили баҳр меҳмон аст; ӯ чун биёяд, бо ту сухан хоҳад ронд“.
33Дарҳол назди ту фиристодам, ва ту ҳуб кардӣ, ки омадӣ; алҳол ҳамаамон дар ҳузури Худо ҳозирем, то ҳар он чиро, ки Худо ба ту фармудааст, бишнавем».
Петрус дар хонаи Корнилюс ба халқҳо мавъиза менамояд.
34Петрус ба сухан оғоз карда, гуфт: «Акнун яқин донистам, ки Худо рӯйбинӣ надорад.
35Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст.
36Ӯ каломи Худро ба банӣ‐Исроил фиристода, ба василаи Исои Масеҳ, ки Худованди ҳама аст, башорати сулҳу осоиштагӣ дод.
37Шумо аз воқеае ки дар сар то сари Яҳудо рӯй дод, хабардор ҳастед, ки он баъд аз таъмиде ки Яҳьё мавъиза намуд, аз Ҷалил оғоз шуда буд:
38Исои Носириро Худо бо Рӯҳулқудс ва қуввати Худ тадҳин кард, ва Ӯ ба ҳама ҷо рафта, корҳои нек мекард ва ба ҳамаи онҳое ки дар қайди иблис буданд, шифо мебахшид, зеро ки Худо бо Ӯ буд;
39Мо шоҳидони ҳамаи он корҳое ҳастем, ки Ӯ дар кишвари яҳудиён ва дар Ерусалим ба ҷо овард, ва онҳо Ӯро ба салиб овехта, куштанд.
40Худо Ӯро дар рӯзи сеюм эҳьё кард, ва Ӯро зоҳир сохт.
41Аммо на бар тамоми қавм, балки ба шохидоне ки Худо пешакӣ баргузида буд, яъне ба моён, ки баъд аз эҳьё шуданаш аз мурдагон, бо Ӯ хӯрдаем ва нӯшидаем,
42Ва Ӯ ба мо фармуд, ки ба мардум мавъиза намоем ва шаҳодат диҳем, ки Худо Ӯро Довари зиндагон ва мурдагон таъин кардааст.
43Тамоми анбиё бар Ӯ шаҳодат медиҳанд, ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ба василаи исми Ӯ гуноҳҳояш омурзида ҳоҳад шуд».
44Ин суханон ҳанӯз бар забони Петрус буд, ки Рӯҳулқудс бар ҳамаи шунавандагони калом нозил шуд,
45Ва имондорони махтун, ки ҳамроҳи Петрус омада буданд, дар ҳайрат афтоданд, ки атои Рӯҳулқудс ба гайрияҳудиён низ ҷорӣ шудааст,
46Зеро шуниданд, ки онҳо ба забонҳо суҳан ронда, Худоро ҳамду сано мехонанд. Он гоҳ Петрус гуфт:
47«Оё касе метавонад ба онҳое ки Рӯҳулқудсро мисли мо низ ёфтаанд, бо об таъмид гирифтанро манъ кунад?»
48Ва фармуд, ки онҳоро ба исми Исои Масеҳ таъмид диҳанд. Ва аз ӯ хоҳиш карданд, ки якчанд рӯз назди онҳо бимонад.

Highlight

Share

Compare

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in