2 Подшоҳон 1
1
БОБИ ЯКУМ
Довуд аз фавти Шоул хабар меёбад.
1Ва баъд аз фавти Шоул чунин воқеъ шуд, ки Довуд аз шикаст додани амолеқиён баргашт; ва Довуд ду рӯз дар Сиқлоҷ истод.
2Ва дар рӯзи сеюм чунин воқеъ шуд, ки инак шахсе аз лашкаргоҳи Шоул омад, дар ҳолате ки либосаш дарида ва хок бар сараш пошида буд; ва ҳамин ки вай назди Довуд омад, бар замин афтода, ба ӯ саҷда бурд.
3Ва Довуд ба вай гуфт: «Аз куҷо омадаӣ?» Вай ба ӯ гуфт: «Аз лашкаргоҳи Исроил гурехтаам».
4Ва Довуд ба вай гуфт: «Чӣ воқеа рӯй додааст? Лутфан, ба ман ҳикоят намо». Вай гуфт: «Қавм аз корзор рӯ ба гурез оварданд, ва низ бисьёре аз миёни қавм фурӯ ғалтиданд ва мурданд, ва низ Шоул ва писараш Йӯнотон мурданд».
5Ва Довуд ба ҷавоне ки ба ӯ ҳикоят мекард, гуфт: «Чӣ гуна донистӣ, ки Шоул ва писараш Йӯнотон мурдаанд?».
6Ва ҷавоне ки ба ӯ ҳикоят мекард, гуфт: «Тасодуфан аз кӯҳи Ҷилбӯа гузар мекардам, ва инак Шоул бар найзаи худ такья менамуд, ва инак аробаҳо ва саворон ба ӯ наздик меомаданд,
7Ва ӯ ба ақибаш рӯй гардонида, маро дид, ва маро даъват намуд, ва ман гуфтам: „Лаббай“.
8Ва ӯ ба ман гуфт: „Ту кистӣ?“ Ва ман ба ӯ гуфтам: „Ман амолеқӣ ҳастам“.
9Ва ӯ ба ман гуфт: „Лутфан, назди ман омада, маро бикуш, зеро раъшаи саъб маро фаро гирифтааст, чунки ҷонам ҳанӯз дар ман аст“.
10Ва ман назди ӯ омада, ӯро куштам, зеро донистам, ки ӯ баъд аз фурӯ ғалтиданаш зинда нахоҳад монд; ва афсареро, ки бар сараш буд, ва бозубандеро, ки бар бозуяш буд, гирифта, онҳоро ба ин ҷо назди оғоям овардам».
11Ва Довуд либосашро гирифта, дарронид, ва низ ҳамаи одамоне ки бо ӯ буданд, чунин карданд.
12Ва барои Шоул ва писараш Йӯнотон, ва барои қавми Худованд ва тамоми хонадони Исроил навҳагарӣ карданд ва гиристанд ва то шом рӯза доштанд, зеро ки ба дами шамшер афтода буданд.
13Ва Довуд ба ҷавоне ки ба ӯ ҳикоят кард, гуфт: «Ту аз куҷо ҳасти?» Вай гуфт: «Ман писари марди ғариби амолеқӣ ҳастам».
14Ва Довуд ба вай гуфт: «Чӣ гуна натарсидӣ, ки дасти худро дароз карда, масеҳи Худовандро куштӣ?»
15Ва Довуд яке аз ҷавононро даъват намуда, гуфт: «Наздик омада, варо зарба бизан». Ва ӯ варо зарба зад, ва вай мурд.
16Ва Довуд ба вай гуфт: «Хунат бар гарданат, зеро ки даҳонат ба муқобили ту шаҳодат дода, гуфт, ки „ман масеҳи Худовандро куштам“».
Марсияи Довуд дар бораи фавти Шоул ва Йӯнотон.
17Ва Довуд дар бораи Шоул ва писараш Йӯнотон бо ин марсия навҳа кард,
18Ва гуфт: «Камондориро ба банӣ‐Яҳудо таълим бояд дод; инак, он дар китоби Ёшор навишта шудааст:
19Ҳашамати ту, эй Исроил, бар баландиҳоят шаҳид гардид! Паҳлавонон чӣ гуна фурӯ ғалтидаанд!
20Дар Ҷат ҳикоят накунед,
дар кӯчаҳои Ашқалӯн башорат надиҳед,
мабодо духтарони фалиштӣ шодӣ кунанд,
мабодо духтарони номахтунон ба ваҷд оянд.
21Эй кӯҳҳои Ҷилбӯа!
Бигзор бар шумо на шабнам биборад ва на борон,
ва на киштзоре барои ҳадияҳо бошад,
зеро ки дар он ҷо сипари паҳлавонон,
сипари Шоул палид гардидааст,
бе он ки бо равған тадҳин карда шуда бошад.
22Камони Йӯнотон бе хуни шаҳидон,
бе чарбуи паҳлавонон ақиб нарафтааст,
ва шамшери Шоул тиҳӣ барнагаштааст.
23Шоул ва Йӯнотон,
ки дар ҳаёти худ маҳбуб ва меҳрубон буданд,
дар мамоти худ низ аз якдигар ҷудо нашудаанд;
аз уқобон чобуктар, аз шерон пурзӯртар буданд.
24Эй духтарони Исроил! Барои Шоул гирья кунед,
ки ӯ шуморо куртаҳои арғувониранг ва асбоби зинат мепӯшонид,
ва зевари тилло бар либосатон мегузошт.
25Паҳлавонон андаруни корзор чӣ гуна фурӯ ғалтидаанд!
Эй Йӯнотон, ту бар баландиҳои худ шаҳид шудаӣ.
26Ман барои ту андӯҳгинам, эй бародарам Йӯнотон!
Ту бо ман бағоят меҳрубон будӣ;
муҳаббати ту барои ман пурзӯртар аз муҳаббати занон буд.
27Паҳлавонон чӣ гуна фурӯ ғалтидаанд,
ва қуввати ҳарбӣ чӣ гуна талаф гардидааст!»
Currently Selected:
2 Подшоҳон 1: KM92
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.