1 Подшоҳон 16
16
БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Ба подшоҳӣ интихоб шудани Довуд.
1Ва Худованд ба Самуил гуфт: «То ба кай ту барои Шоул мотам мегирӣ? Ман, охир, ӯро аз подшоҳӣ кардан бар Исроил рад намудаам. Шохи худро аз равған пур карда, бирав: Ман туро назди Йисои байтлаҳмӣ мефиристам, зеро ки аз миёни писаронаш барои Худ подшоҳ пайдо кардаам».
2Ва Самуил гуфт: «Чӣ гуна биравам? Агар Шоул бишнавад, маро хоҳад кушт». Худованд гуфт: «Гӯсолае бо худ бигир, ва бигӯй: „Омадаам, то ки барои Худованд қурбонӣ кунам“.
3Ва Йисойро ба қурбонӣ даъват намо, ва Ман ба ту маълум хоҳам кард, ки чӣ бояд бикунӣ, ва ту касеро, ки ба ту бигӯям, барои Ман тадҳин хоҳӣ намуд».
4Ва Самуил он чиро, ки Худованд гуфта буд, ба амал оварда, ба Байт‐Лаҳм омад; ва пирони шаҳр ба пешвози ӯ шитофта, гуфтанд: «Хайра мақдам!»
5Гуфт: «Ассалом! Омадаам, то ки барои Худованд қурбонӣ кунам. Худро тақдис намуда, бо ман ба қурбонӣ биёед». Ва ӯ Йисой ва писаронашро тақдис кунонид, ва онҳоро ба қурбонӣ даъват намуд.
6Ва ҳангоме ки онҳо омаданд, ӯ Элиобро дида, дар дили худ гуфт: «Яқинан, масеҳи Худованд ба ҳузури ӯст».
7Вале Худованд ба Самуил гуфт: «Ба қиёфааш ва қомати баландаш назар наандоз, чунки Ман ӯро хуш накардаам; он чи одам мебинад, ҳеҷ аст, зеро одам фақат он чиро, ки ба чашм намоён аст, мебинад, вале Худованд он чиро, ки дар дил аст, мебинад».
8Ва Йисой Абинодобро хонда, аз пеши Самуил гузаронид, вале ӯ гуфт: «Инро низ Худованд интихоб накардааст».
9Ва Йисой Шамморо гузаронид; вале ӯ гуфт: «Инро ҳам Худованд интихоб накардааст».
10Ва Йисой ҳафт писарашро аз пеши Самуил гузаронид; вале Самуил ба Йисой гуфт: «Худованд инҳоро нитихоб накардааст».
11Ва Самуил ба Йисой гуфт: «Оё дигар писар надорӣ?» Вай гуфт: «Боз писари хурдӣ ҳаст, ки ӯ рамаро мечаронад». Ва Самуил ба Йисой гуфт: «Фиристода, ӯро биёр, зеро ки то ӯ ба ин ҷо набиёяд, ба сари суфра нахоҳем нишаст».
Довудро тадхин кардани Самуил.
12Ва фиристода, ӯро оваронид. Ва ӯ сурхрӯ буда, чашмони зебо ва чеҳраи некӯ дошт. Ва Худованд гуфт: «Бархоста, ӯро тадҳин намо, зеро ки ҳамин аст».
13Ва Самуил шохи равғанро гирифта, ӯро дар миёни бародаронаш тадҳин намуд, ва Рӯҳи Худованд аз он рӯз ва баъд аз он бар Довуд нозил шуд. Ва Самуил бархоста, ба Ромо рафт.
14Валекин Рӯҳи Худованд аз Шоул дур шуд; ва рӯҳи баде аз ҷониби Худованд ӯро ба изтироб меандохт.
15Ва навкарони Шоул ба ӯ мегуфтанд: «Инак, рӯҳи баде аз ҷониби Худованд туро ба изтироб меандозад.
Довуд назди Шоул даъват карда шуд.
16Бигзор оғои мо ба навкарони худ, ки ба ҳузури ту мебошанд, амр фармояд, ки барбатнавози моҳиреро пайдо кунанд; ва ҳар гоҳ бар ту рӯҳи баде аз ҷониби Худованд биёяд, вай бо дасташ бинавозад, ва аҳволат беҳтар хоҳад шуд».
17Ва Шоул ба навкаронаш гуфт: «Касеро, ки ба навохтан моҳир бошад, барои ман пайдо карда, назди ман биёред».
18Ва яке аз навкарон ба ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Инак, ман писари Йисои байтлаҳмиро дидаам, ки ба навохтан моҳир, ва шердил, ва марди ҷангӣ, ва хушзабон, ва зеботалъат мебошад, ва Худованд бо ӯст».
19Ва Шоул қосидонро назди Йисой фиристода, гуфт: «Писарат Довудро, ки бо рама аст, назди ман бифирист».
20Ва Йисой бар харе нон, ва машки шароб, ва як бузғола бор карда, ба воситаи писараш Довуд назди Шоул фиристод.
21Ва Довуд назди Шоул омада, ба ҳузури ӯ биистод; ва Шоул варо бағоят дӯст дошт, ва Довуд силоҳбардори ӯ гардид.
22Ва Шоул назди Йисой фиристода, гуфт: «Бигзор Довуд ба ҳузури ман бимонад, зеро ки вай ба назари ман писанд омад».
23Ва чун рӯҳ аз ҷониби Худо бар Шоул меомад, Довуд барбатро гирифта, бо дасташ менавохт; ва Шоул роҳат карда, аҳволаш беҳтар мешуд, ва рӯҳи бад ӯро тарк мекард.
Currently Selected:
1 Подшоҳон 16: KM92
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.