YouVersion Logo
Search Icon

1 Петрус 1

1
БОБИ ЯКУМ
Уқубати масеҳиён имонро мустаҳкам мекунад ва сӯи наҷот мебарад.
1Петрус, ки ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба ғарибоне ки дар вилоятҳои Понтус, Ғалотия, Каппадукия, Осиё ва Битуния пароканда мебошанд,
2Ва мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар, бо тақдиси Рӯҳ, барои итоат ва пошидани Хуни Исои Масеҳ интиҳоб шудаанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо фаровон бод.
Дар бораи умеди пур аз ҷалоли имондорон.
3Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эҳьёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда,
4Барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст,
5Ки бо қуввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки муҳайё шудааст, то ки дар замони охир ба зуҳур ояд.
6Дар ин бора шодӣ кунед, дар сурате ки ҳоло, агар лозим шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андӯҳгин мешавед.
7Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вақти зуҳури Исои Масеҳ холис ба миён меояд.
8Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед
9Ва ба мақсади имони худ, яъне ба наҷоти ҷонҳотон ноил мешавед.
10Тафтишот ва тадқиқоти анбиё ба ҳамин наҷот тааллуқ дошт, ва онҳо файзеро, ки барои шумо таъин шуда буд, пешгӯӣ кардаанд.
11Онҳо тадқиқ намудаанд, ки кадом ва чӣ гуна замонро Рӯҳи Масеҳе ки андаруни онҳо буд, нишон додааст, вақте ки Он аз уқубатҳои Масеҳ ва аз ҷалоле ки баъд аз он фаро хоҳад расид, пешакӣ хабар медод.
12Ба онҳо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст ба воситаи онҳое ки бо Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи, ки фариштагон мехоҳанд андарунаш назар андозанд.
Тақдиси имондорон ба воситаи хуни қурбонии Масеҳ.
13Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушьёр шуда, ба файзе ки дар вақти зуҳури Исои Масеҳ ба шумо ато хоҳад шуд, комилан умедвор бошед.
14Ҳамчун бачагони фармонбардор, ба ҳавасҳои пештарае ки дар вақти нодонии худ доштед, мувофиқат накунед,
15Балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо муқаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед,
16Зеро ки навишта шудааст: «Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам».
17Ва агар шумо Ӯро Падар мехонед, ки бе рӯйбинӣ ҳар касро аз рӯи аъмолаш доварӣ мекунад, пас замони ғурбати худро бо худотарсӣ бигзаронед,
18Чун медонед, ки шумо на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле ки аз падарони худ мерос гирифтаед,
19Балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва пок,
20Ки пеш аз таъсиси ҷаҳон пешакӣ таъин шуда буд, лекин дар замони охир барои шумо зоҳир шудааст,
21Ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардед, ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард ва ба Ӯ ҷалол бахшид, то ки шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед.
22Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред,
23Ҳамчун касоне ки аз нав ба вуҷуд омадаед на аз тухми фонӣ, балки аз тухми бефано, ба василаи каломи Худо, ки зинда аст ва то абад боқист.
24Зеро ки ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва ҳар ҷалоли одамӣ — мисли гули алаф; алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад;
25Аммо каломи Худованд то абад боқист. Ва ин аст он каломе ки ба шумо мавъиза шудааст.

Currently Selected:

1 Петрус 1: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy