YouVersion Logo
Search Icon

1 ба Қӯринтиён 1

1
БОБИ ЯКУМ
Имондор файзи Худоро ба воситаи Исо меёбад.
1Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории даъватшудаи Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Сӯстинис,
2Ба калисои Худо, ки дар Қӯринтӯс воқеъ аст, ба муқаддасони даъватшуда, ки дар Исои Масеҳ тақдис гардидаанд, бо ҳамаи онҳое ки дар ҳар ҷо исми Худованди мо Исои Масеҳро мехонанд, ки Ӯ Худованди онҳо ва Худованди мост, —
3Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
Шукргузорӣ барои файзи Худо, ки ато шудааст.
4Худои худро ҳамеша барои шумо шукр мегӯям: барои файзи Худо, ки ба шумо дар Исои Масеҳ ато шудааст,
5Чунки дар Ӯ шумо аз ҳар чиз: аз ҳар сухан ва аз ҳар дониш бой шудаед,
6Зеро шаҳодати Масеҳ дар шумо барқарор гардидааст,
7Ба тавре ки шумо аз ҳеҷ лаёқат норасогӣ надоред, модоме ки мунтазири зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ мебошед,
8Ки Ӯ низ шуморо то ба охир устувор хоҳад кард, то ки дар рӯзи Худованди мо Исои Масеҳ беайб бошед.
9Амин аст Худое ки шуморо ба ширкати Писари Худ Исои Масеҳи Худованди мо даъват намудааст.
Ба муқобили низоъ дар Қӯринтӯс.
1. Ҷудоиҳо дар калисо.
10Аз шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ илтимос мекунам, ки ҳамаатон айни як суханро гӯед, ва дар байни шумо ҷудоие набошад, балки шумо дар як рӯҳ ва дар як фикр муттаҳид бошед.
11Зеро ки аз аҳли байти Хлӯо ба ман дар бораи шумо, эй бародарон, маълум шудааст, ки дар байнатон баҳсу мунозира вуҷуд дорад.
12Ман онро дар назар дорам, ки ҳар яке аз шумо мегӯяд: «Ман аз они Павлус ҳастам»; «Ман аз они Апӯллӯс»; «Ман аз они Кифо»; «Ман аз они Масеҳ».
13Оё Масеҳ аз ҳам ҷудо шудааст? Оё Павлус барои шумо маслуб гардидааст? Ё ки шумо ба исми Павлус таъмид ёфтаед?
14Худоро шукр мегӯям, ки ман ҳеҷ яке аз шуморо, ба ғайр аз Криспус ва Ғоюс, таъмид надодаам,
15То касе нагӯяд, ки ман ӯро ба исми худ таъмид додаам.
16Ман инчунин аҳли байти Истефанусро таъмид додаам; ҷуз инҳо дар хотир надорам, ки каси дигареро таъмид дода бошам.
17Зеро Масеҳ маро нафиристодааст, ки таъмид диҳам, балки башорат диҳам, на дар ҳикмати калом, то ки салиби Масеҳ ботил нашавад.
2. Ҳикмати ҷаҳон ҷаҳолат аст ба ҳузури Худо.
18Зеро паёми салиб барои гирифторони ҳалокат ҷаҳолат аст, вале барои мо, ки дар роҳи наҷот ҳастем, қуввати Худост.
19Зеро навишта шудааст:
«Ҳикмати ҳакимонро ба ҳалокат хоҳам расонд
ва ақли оқилонро нопадид хоҳам кард».
20Куҷост ҳаким? Куҷост китобдон? Куҷост воизи ин ҷаҳон? Оё Худо ҳикмати ин ҷаҳонро ба ҷаҳолат табдил надодааст?
21Зеро, дар ҳикмати Худо, модоме ки ҷаҳон бо ҳикмати худ Худоро нашинохт, — Худо салоҳ донист, ки ба воситам ҷаҳолати мавъиза имондоронро наҷот диҳад.
22Зеро ки яҳудиён мӯъҷизот металабанд, ва юнониён ҳикмат меҷӯянд;
23Лекин мо Масеҳи маслубшударо мавъиза мекунем, ки барои яҳудиён васваса ва барои юнониён ҷаҳолат аст,
24Аммо барои худи даъватшудагон, чи яҳудиён, чи юнониён, Масеҳро мавъиза мекунем, ки Ӯ қуввати Худо ва ҳикмати Худост;
25Чунки ҷаҳолати Худо аз ҳикмати одамон пурҳикматтар аст, ва нотавонии Худо аз қуввати одамон тавонотар аст.
26Зеро, эй бародарон, бингаред, ки шумо, вақте ки даъват шудед, чӣ будед: бисьёре ба ҳасби ҷисм ҳаким нестед, бисьёре тавоно нестед, бисьёре наҷиб нестед;
27Лекин Худо ҷоҳилони ҷаҳонро баргузид, то ки ҳакимонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро баргузид, то ки тавонгаронро шарманда кунад;
28Ва Худо бекасони ҷаҳон ва ҳақиронро, ва он чиро, ки номавҷуд аст, баргузид, то ки мавҷудро ботил кунад, —
29Барои он ки ҳеҷ ҷисме дар пеши Худо фахр накунад.
30Ва аз Ӯ шумо дар Исои Масеҳ ҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне адолат ва қудсият ва кафорат шудааст,
31То, чунон ки навишта шудааст, «фахркунанда бигзор ба Худованд фахр кунад».

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy