Bible App logo
Search Icon

Румиён* 16

16
Павлус ба дӯстони худ салом мефиристад
1Мехоҳам ба шумо хоҳарамон Фибиро, ки дар ҷамоати имондорони шаҳри Канхария хизмат мекунад, муаррифӣ кунам. 2Ӯро, чунон ки ба имондорон хос аст, ба хотири Худованд қабул кунед ва агар ба ӯ чизе лозим бошад, ёрӣ диҳед. Зеро худаш ҳам ба бисёриҳо ва ба ман низ ёрӣ додааст.
3Ба Прискила ва Акило, ки дар хизмати Исои Масеҳ ҳамкорони ман ҳастанд, салом расонед. 4Онҳо ба хотири ман ҷони худро дар хатар гузошта буданд. На танҳо ман, балки тамоми ҷамоатҳои имондорони ғайрияҳудӣ аз онҳо миннатдоранд. 5Инчунин ба аҳли ҷамоати хонагии онҳо саломи маро расонед.
Ба дӯсти азизам – Апайнитус, ки якумин шуда дар вилояти Осиё ба Масеҳ имон овард, салом расонед.
6Инчунин ба Марям, ки барои шумо хеле заҳмат кашидааст, салом гӯед.
7Ба ҳамватанонам – Андрониқос ва Юния, ки ҳамроҳи ман дар зиндон буданд, салом расонед. Онҳо дар байни фиристодагони Масеҳ хеле машҳуранд ва пеш аз ман ба Масеҳ имон оварда буданд.
8Ба Амплиёс, ки дар Худованд дӯсти азизи ман аст, салом гӯед.
9Ҳамчунин ба Урбонус, ки дар хизмати Масеҳ ҳамкори мост ва ба дӯсти азизам – Истохис салом расонед.
10Ба Апиллис, ки ба Масеҳ вафодор буданашро исбот кардааст, салом расонед.
Ба тамоми хонаводаи Аристобулус салом гӯед.
11Ба ҳамватанам – Ҳиродиюн салом гӯед.
Инчунин ба онҳое, ки дар хонаводаи Наркисус ба Худованд имон доранд, салом расонед.
12Ба Трифайно ва Трифусо, ки барои Худованд фаъолона хизмат мекунанд ва ба Парсиси азиз, ки барои Худованд хеле меҳнат кардааст, салом расонед.
13Ба Руфус, ки интихобшудаи Худованд аст ва ба модараш, ки ҳамчунин модари ман шудааст, салом гӯед.
14Ҳамчунин ба Асинкритус, Флигӯн, Ҳермос, Патрубос, Ҳермис ва ба дигар бародарону хоҳароне, ки бо онҳо ҳастанд, салом расонед.
15Ба Филӯлӯгус ва Юлиё, Нириёсу хоҳараш ва Улимпос ва инчунин ба тамоми имондороне, ки ҳамроҳи онҳоянд, салом гӯед.
16Якдигарро ба оғӯш гирифта, салом гӯед. Ҳамаи ҷамоатҳои Масеҳ ба шумо салом мегӯянд.
Насиҳатҳои охирини Павлус
17Бародарону хоҳарон, хоҳиш мекунам, ки шумо аз он нафароне, ки дар байнатон ҷудоӣ меандозанд ва одамонро аз роҳи имон мезананд, эҳтиёт шавед ва аз онҳо дурӣ ҷӯед. Онҳо бо чунин рафторашон бар зидди таълимоти гирифтаатон мебароянд. 18Ин одамон на ба Худованди мо – Масеҳ, балки ба ҳавасҳои бади худ хизмат мекунанд. Онҳо хушомадгӯйӣ карда бо суханҳои зебову ширин одамони содадилро фиреб медиҳанд. 19Аммо вафодории шумо ба ҳама маълум аст ва ман аз ин хеле хурсанд ҳастам. Орзу дорам, ки шумо дар некӣ кардан хирадманд бошед ва дар бадӣ кардан сода бошед. 20Худо ки сарчашмаи сулҳу осоиштагӣ аст, ба зудӣ шайтонро дар зери пойҳои шумо шикаст медиҳад. Файзу меҳрубонии Худовандамон Исо бо шумо бод!
21Ба шумо ҳамкорам – Тимотиюс ва ҳамватанонам – Лукюс, Ёсун ва Сӯсипатрус салом мегӯянд.
22Ман – Тартиюс низ, ки ин номаро аз забони Павлус навишта истодаам, ҳамчун яке аз пайравони Худованд ба шумо салом мефиристам.
23Инчунин Ғоюс ба шумо салом мефиристад. Ӯ маро ба хонааш қабул карда, меҳмондорӣ менамояд ва тамоми ҷамоати имондорон низ дар хонаи ӯ ҷамъ мешаванд.
Хазинадори шаҳр – Арастус ва бародари мо – Квартус низ ба шумо салом мегӯянд.
24Бигзор файзу меҳрубонии Худовандамон Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бошад! Омин.

Currently Selected:

Румиён* 16: KMO

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in