Bible App logo
Search Icon

Ошкорсозӣ* 21

21
Осмону замини нав
1Сипас, осмону замини навро дидам, чунки осмону замини пешина нопадид гардида буданд. Баҳр низ дигар вуҷуд надошт. 2Инак шаҳри муқаддас – Уршалими навро дидам, ки аз осмон – аз ҷониби Худо фуруд меомад. Шаҳр худро мисли арӯс барои шавҳари худ оро дода буд. 3Аз ҷониби тахт овози баландеро шунидам: «Бубин! Ин хаймаи Худо дар байни одамон аст. Ӯ бо онҳо зиндагӣ мекунад ва онҳо халқи Ӯ хоҳанд буд. Худи Худо бо онҳо ва Худои онҳо хоҳад буд. 4Худо ҳар оби дидаро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард. Маргу мусибат, дард ва доду фиғон дигар нахоҳад буд, чунки чизҳои пештара нест шуданд».
5Баъд Тахтнишин гуфт: «Бубин! Ҳама чизро аз нав мекунам». Боз гуфт: «Инро бинавис, чунки ин каломи боваринок ва ҳақиқат аст». 6Ӯ суханашро давом дода ба ман гуфт: «Иҷро шуд! Ман Аввалину Охирин ва хоҷаву анҷоми ҳама чиз ҳастам. Ба ҳар ташна аз чашма оби ҳаётро ройгон медиҳам. 7Ба шахси ғолиб ҳама чиз насиб хоҳад шуд. Ман барои вай Худо ва ӯ барои Ман фарзанд хоҳад буд. 8Аммо сазои тарсончакон, беимонон, ҳаромкорон, одамкушон, онҳое, ки гуноҳи ҷинсӣ мекунанд, ҷодугарон, бутпарастон ва ҳамаи дурӯғгӯён дар кӯли оташу сулфур хоҳад буд. Ин марги дуюм, яъне марги абадист».
Шаҳри Уршалими нав
9Сипас, яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт косаи пур аз ҳафт балои охирон доштанд, ба наздам омада, гуфт: «Биё, ба ту арӯсро нишон диҳам. Ӯ зани Барра, яъне зани Исо аст». 10Инак вай маро гирифта, ба воситаи Рӯҳи Худо ба кӯҳи баланди бузург бурд ва аз он ҷо ба ман шаҳри Уршалими муқаддасро нишон дод, ки аз осмон – аз ҷониби Худо фуруд меомад. 11Шаҳр аз ҳузури Худо ҳамчун санги гаронбаҳо, мисли санги яшм медурахшид. 12Он девори бузургу баланд ва дувоздаҳ дарвоза дошт. Назди дарвозаҳо дувоздаҳ фаришта меистоданд ва бар ҳар дарвоза номи яке аз дувоздаҳ қабилаи халқи Исроил кандакорӣ шуда буд. 13Се дарвоза дар тарафи шарқ, се дарвоза дар тарафи шимол, се дарвоза дар тарафи ҷануб ва се дарвоза дар тарафи ғарб воқеъ буд. 14Девори шаҳр дувоздаҳ таҳкурсӣ дошт ва ҳар яки он як номи дувоздаҳ фиристодаи Барраро дошт. 15Фариштае, ки бо ман гап мезад, барои чен кардани шаҳр ва дарвозаҳову девораш ченкунаки тилло дошт. 16Шаҳр шакли чоркунҷа дошт ва дарозиву бари он баробар буд. Фаришта бо ченкунакаш шаҳрро чен кард. Инак шаҳр дувоздаҳ ҳазор стадия (тақрибан 2 400 километер) дарозӣ дошт ва дарозиву бару баландиаш баробар буд. 17Фаришта девори шаҳрро чен кард. Инак баландии девор мувофиқи ченаки одамӣ, ки фаришта истифода мебурд, саду чилу чор оринҷ (тақрибан 60 метер) буд. 18Девор аз санги яшм, худи шаҳр бошад аз тиллои софи мисли шиша шаффоф сохта шуда буд. 19Таҳкурсии девори шаҳр бо ҳар гуна сангҳои қиматбаҳо оро дода шуда буд. Таҳкурсии аввал бо санги яшм, дуюм бо ёқути кабуд, сеюм бо ақиқи сӯхта, чорум бо зумуррад, 20панҷум бо ақиқи гулобӣ, шашум бо ақиқ, ҳафтум бо забарҷад, ҳаштум бо ёқути азрақ, нуҳум ёқути зард, даҳум бо ақиқи сабз, ёздаҳум бо гиасинт ва дувоздаҳум бо лаъли кабуд оро дода шуда буд. 21Дувоздаҳ дарвоза – дувоздаҳ марворид буд, яъне ҳар дарвоза аз як марворид сохта шуда буд. Кӯчаи шаҳр аз тиллои софу мисли шиша шаффоф буд.
22Дар шаҳр парастишгоҳе надидам, зеро Худованд Худои Тавоно ва Барра, яъне Исо Худ парастишгоҳи шаҳр хоҳанд буд. 23Ба шаҳр нури офтобу моҳ даркор намешавад, чунки нури Худо шаҳрро равшан мекунад ва Барра чароғи он аст. 24Халқҳо дар нури он зиндагӣ хоҳанд кард ва подшоҳони замин шаъну шавкати худро ба он ворид хоҳанд намуд. 25Дарвозаҳои шаҳр рӯзона ҳеҷ гоҳ баста намешаванд ва дар он ҷо шаб нахоҳад буд. 26Шаъну шавкати халқҳоро ба он шаҳр меоваранд. 27Аммо ҳеҷ чизи нопок ва ҳеҷ каси бадкору фиребгар ба он дохил нахоҳад шуд, балки танҳо онҳое ки дар китоби ҳаёти Барра навишта шудаанд.

Currently Selected:

Ошкорсозӣ* 21: KMO

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in