Ошкорсозӣ* 2
2
Нома ба ҷамоати имондорони шаҳри Эфесус
1Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Эфесус бинавис: «Он ки дар дасти росташ ҳафт ситораро нигоҳ медорад ва дар байни ҳафт чароғдони тилло мегардад, чунин мегӯяд:
2„Ман корҳои туро медонам. Меҳнат ва сабру тоқати туро низ медонам. Ҳамчунин медонам, ки ба кирдори бадкорон тоқат намекунӣ ва касонеро, ки худро фиристодагони Масеҳ меноманд, санҷида, ошкор намудӣ, ки фиристодаи Ӯ нестанд, балки дурӯғ мегӯянд. 3Медонам, ки устувор ҳастӣ ва ба хотири номи Ман заҳмат кашида, хаста нашудӣ. 4Аммо аз ту барои як чиз норозиам, ки муҳаббати аввалинатро фаромӯш кардаӣ. 5Инак, ба ёд ор, ки аз куҷо афтодӣ, тавба кун ва корҳои пешинаатро давом деҳ. Агар тавба накунӣ, ба наздат меоям ва чароғдонатро аз ҷояш мегирам. 6Аммо хубии ту дар он аст, ки мисли Ман корҳои николосиёнро бад мебинӣ.
7Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд! Дар биҳишти Худо дарахти ҳаёт мерӯяд. Ба касе, ки бар бадӣ ғолиб меояд, иҷозат медиҳам, ки аз меваи он бихӯрад“».
Нома ба ҷамоати имондорони шаҳри Исмирно
8Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Исмирно бинавис: «Аввалин ва Охирин – Ҳамоне, ки мурд ва зинда шуд, чунин мегӯяд: 9„Ман азоби ту ва камбағал буданатро медонам, лекин дар асл ту сарватманд ҳастӣ. Боз медонам, ки баъзе касон туро бадном мекунанд. Онҳо худро яҳудӣ меноманд, лекин дар асл чунин нестанд, балки як ҷамоати шайтонанд. 10Аз азобе, ки ба сарат меояд, натарс. Шайтон барои санҷидан баъзеи шуморо ба зиндон меандозад. Азоби шумо даҳ рӯз давом меёбад. То дами марг вафодор бош ва Ман ба ту тоҷи ҳаётро медиҳам“.
11Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд! Касе ки бар бадӣ ғолиб меояд, аз марги дуюм осеб нахоҳад дид».
Нома ба ҷамоати имондорони шаҳри Парғомус
12Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Парғомус бинавис: «Соҳиби шамшери тези дудама чунин мегӯяд: 13„Ман медонам, ки дар ҷойи истиқоматат шайтон тахташро гузоштааст, лекин ту номи Маро маҳкам нигоҳ доштӣ. Агарчи шаҳрат иқоматгоҳи шайтон аст ва дар он шоҳиди вафодорам – Антипос кушта шуд, аз имоне, ки ба Ман доштӣ, нагаштӣ.
14Аммо бар зидди ту баъзе чизҳо дорам: Дар наздат одамоне ҳастанд, ки пайрави таълимоти Билъом мебошанд. Билъом ба Болоқ ёд дода буд, ки чӣ тавр халқи Исроилро ба воситаи хӯроки ба бутҳо қурбонишуда ва гуноҳи ҷинсӣ гумроҳ кунад. 15Ҳамчунин дар назди ту пайравони таълимоти дурӯғини николосиён ҳастанд. 16Пас тавба кун! Вагарна ба зудӣ назди ту меоям ва бо шамшери даҳонам бо онҳо ҷанг мекунам.
17Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд! Ба касе, ки бар бадӣ ғолиб меояд, маннаи ниҳонӣ, яъне нони осмонӣ медиҳам. Ҳамчунин ба ӯ санги сафеде медиҳам, ки бар он номи наве навишта шудааст ва он номро ба ғайр аз ӯ касе намедонад“».
Нома ба ҷамоати имондорони шаҳри Тиётиро
18Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Тиётиро бинавис: «Писари Худо, ки чашмонаш мисли шӯълаи оташ ва пойҳояш монанди биринҷии дар оташ софшуда аст, чунин мегӯяд: 19„Ман кору муҳаббат, имону хизмат ва сабру тоқататро медонам. Медонам, ки корҳои охиринат аз корҳои аввалинат бузургтаранд. 20Аммо зидди ту як чиз дорам: ту ба Изобал ном зан, ки худро пайғамбар меномад, озодӣ додаӣ. Вай бо таълимоташ хизматгорони Маро гумроҳ мекунад ва водор месозад, ки гуноҳи ҷинсӣ кунанд ва хӯроки ба бутҳо қурбонишударо хӯранд. 21Ман ба вай вақт додам, то ки аз гуноҳи ҷинсиаш тавба кунад, лекин ӯ нахост. 22Нигар! Ман ӯро ба бистари беморӣ меандозам. Агар ҳамроҳонаш, ки бо вай зино мекарданд, аз корҳои худ тавба накунанд, онҳоро низ гирифтори азобу шиканҷа мекунам. 23Ман пайравони ӯро мемиронам ва ҳамаи ҷамоатҳои имондорон хоҳанд донист, ки Ман дилу фикри одамонро санҷида, ба ҳар яки онҳо мувофиқи корҳояшон сазо медиҳам. 24Вале боқимондаатон дар Тиётиро таълимоти Изобалро пайравӣ накардед, яъне, чунон ки мегӯянд, «асоси сирри шайтон»-ро наомӯхтед. Ба китфи шумо бори дигаре намегузорам. 25Хоҳишмандам он чиро, ки доред, то омаданам маҳкам нигоҳ доред.
26Ба касе, ки бар бадӣ ғолиб меояд ва хизмати Маро то охир ба ҷо меоварад, қудрате мебахшам, ки бар халқҳо роҳбарӣ кунад.
27Ӯ бар сари халқҳо бо асои оҳанин ҳукмронӣ мекунад
ва онҳоро, мисли он ки кӯзаи сафолро мешикананд,
зада пора-пора мекунад.
Чунон ки Ман ҳуқуқи ҳукмронӣ карданро аз Падари Худ гирифтам,
28ба ӯ низ ситораи субҳро медиҳам.
29Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд!“»
Currently Selected:
Ошкорсозӣ* 2: KMO
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад