YouVersion Logo
Search Icon

Матто* 28

28
Зинда шудани Исо
1Баъд аз рӯзи шанбе, рӯзи якшанбе офтоб ҳанӯз набаромада, Марями Маҷдалия ва Марями дигар барои хабар гирифтани қабр ба роҳ баромаданд. 2Ногаҳон заминҷунбии сахт ба вуҷуд омад, чунки фариштаи Худованд аз осмон пойин фаромада, санги дари қабрро як тараф ғелонда, бар болояш нишаст. 3Намуди вай мисли барқ ва либосаш монанди барф сап-сафед буд. 4Посбонон аз тарси ӯ ларзида, мурда барин ба замин ғалтиданд.
5Фаришта бошад, ба занон гуфт: «Натарсед, ман медонам, ки шумо Исои ба салиб мехкӯбшударо ҷустуҷӯ карда истодаед. 6Лекин Ӯ дар ин ҷо нест. Ӯ чи хеле ки гуфта буд, ҳамон тавр зинда шуд. Биёед ва ҷоеро, ки Ӯ гузошта шуда буд, бинед. 7Ҳоло зуд рафта ба шогирдонаш бигӯед, ки Исо зинда шуда, акнун пешопеши онҳо ба Ҷалил меравад. Онҳо Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид. Хабаре, ки ман ба шумо гуфтанӣ будам, ҳамин буд».
8Сипас, он занон бо тарс, вале шодикунон саросема аз назди қабр сӯйи шогирдон давида рафтанд, то ки ба онҳо нақл кунанд.
9Банохост Исо бо онҳо вохӯрда салом дод. Онҳо наздик омада ба пойҳояш часпиданд ва ба Ӯ саҷда карданд. 10Исо ба онҳо гуфт, ки натарсанд, балки рафта ба бародаронаш гӯянд, ки онҳо ба Ҷалил раванд ва Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид.
Хабари посбонон
11Чун занон ба роҳ баромада буданд, баъзе аз посбонон ба шаҳр рафта, тамоми воқеаи рӯйдодаро ба коҳинони калон нақл карданд. 12Коҳинони калон барои маслиҳат кардан бо пирони қавм вохӯрданд ва баъд аз маслиҳат ба посбонон пули калон дода 13гуфтанд: «Рафта ба мардум гӯед, ки шабона шогирдони Исо омада, аз хоб буданатон истифода бурда, ҷасади Ӯро дуздида рафтанд. 14Агар ин хабар ба гӯши ҳоким расад, мо ба ӯ гапамонро гузаронида, шуморо аз хатар раҳо мекунем».
15Посбонон пулро гирифта, чунон ки сардорони коҳинон онҳоро ёд доданд, ҳамон тавр карданд. Аз ин рӯ, яҳудиён ин ҳикояро то ба имрӯз ба ёд меоранд.
Зоҳиршавии Исо
16Сипас, он ёздаҳ шогирд ба Ҷалил рафта ба кӯҳе, ки Исо ба онҳо гуфта буд, баромаданд. 17Онҳо баробари Ӯро дидан ба Ӯ саҷда намуданд, аммо баъзеашон шубҳа карданд. 18Исо ба шогирдонаш наздик шуда гуфт: «Тамоми қудрат дар замину осмон ба ихтиёри Ман дода шудааст. 19Пас равед ва ҳамаи халқҳои рӯйи заминро шогирди Ман созед. Онҳоро ба номи Падар, Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед 20ва иҷро кардани ҳама чизеро, ки ба шумо фармудаам, ёд диҳед. Инак, Ман ҳамеша то охирзамон бо шумо ҳастам».

Currently Selected:

Матто* 28: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy