YouVersion Logo
Search Icon

Юҳанно* Пешгуфтор

Пешгуфтор
Ин китоб тақрибан дар солҳои 90 – 95-уми асри якум навишта шудааст. Муаллифи он Юҳанно мебошад. Ӯ худро шогирди дӯстдоштаи Исо (13:23) номида, бо суханони «Ин ҳамон шогирдест, ки ҳамаи инро навиштааст ва дар бораи ин чизҳо шаҳодат медиҳад» (21:24) муаллифи китоб будани худро маълум кардааст. Юҳанно мисли Матто Исои Масеҳро дар ҳама ҷо ҳамроҳӣ мекард ва шоҳиди тамоми хизмат ва муъҷизаҳои Исо буд.
Дар китоб дар бораи хизматгузории Исо дар Яҳудо ва Уршалим, ки дар се Хушхабари дигар вуҷуд надоранд, нақл карда мешавад. Зиёда аз ин дар бораи шахсияти Ӯ пурратар навишта шудааст.
Юҳанно Исоро асосан аз ҷиҳати табиати илоҳии Ӯ тасвир кардааст. Зеро дар замоне, ки дар бораи Исои Масеҳ ҳар гуна таълимоти хато пайдо шуда буданд, муаллиф дар пеши худ мақсад гузоштаст, ки бо навиштани ин Хушхабар ба имондорон, дар бораи Исои Масеҳ дониши ҳақиқӣ ва мустаҳкам диҳад, то онҳо донанд, ки дар асл Ӯ Кӣ аст ва чӣ гуна хислатҳо дорад. Бино бар ин, муаллиф нақли худро аз он сар мекунад, ки Исои Масеҳ Каломи абадии Худо аст. Ҳамчунин илоҳияти Исо аз шаҳодатҳои Яҳёи Таъмиддиҳандаю шогирдони Масеҳ ва ҳатто аз суханони душманони Худаш маълум мегардад. Дар давоми нақли воқеаҳо муаллиф диққати хонандаро ба суханони Худи Ӯ ҷалб мекунад: «Ману Падарам як ҳастем» (10:30).
Муаллиф мақсади навишта шудани ин китобро чунин шарҳ медиҳад: «...Вале ҳамаи ин барои он навишта шудааст, ки шумо ба Масеҳ, яъне Таъйиншуда ва Писари Худо будани Исо имон оваред ва ба воситаи қудрати номи Ӯ ҳаёти абадӣ ёбед» (20:31).
Юҳанно баъзе воқеаҳоро аз ҳаёти Исо мисол оварда, меҳру муҳаббат ва ғамхории Ӯро ба одамон нишон медиҳад: Исо ба зани сомарӣ оби ҳаётбахш пешниҳод кард, занеро, ки бо айби зино дастгир шуда буд, аз дасти бадхоҳонаш халос намуд ва Элъозорро зинда кард.
Ҳамчунин дар ин китоб Юҳанно аҳамияти файзи Худоро барои наҷоти ҳар як одам ба таври махсус таъкид намудааст. Аз суҳбати Исои Масеҳ бо Ниқодимус, роҳбари рӯҳонӣ мо мефаҳмем, ки наҷотро бо саъю кӯшиши худамон ба даст оварда наметавонем. Он ба мо аз рӯйи файзе, ки дар Исои Масеҳ аст, ба воситаи имон овардан ба Ӯ, ҳамчун туҳфа дода мешавад: «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари Ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад» (3:16).

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy