1
Инҷили Матто 28:19-20
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед, Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.
Compare
Explore Инҷили Матто 28:19-20
2
Инҷили Матто 28:18
Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст
Explore Инҷили Матто 28:18
3
Инҷили Матто 28:5-6
Аммо фаришта ба занон рӯ оварда, гуфт: «Натарсед, зеро медонам, ки Исои маслубро ҷустуҷӯ мекунед; Ӯ дар ин ҷо нест, зеро, чунон ки гуфта буд, эҳьё шуд; биёед, ҷоеро, ки Ӯ хуфта буд, бубинед
Explore Инҷили Матто 28:5-6
4
Инҷили Матто 28:10
Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Натарсед; рафта, ба бародаронам хабар диҳед, ки ба Ҷалил раванд; ва дар он ҷо Маро хоҳанд дид».
Explore Инҷили Матто 28:10
5
Инҷили Матто 28:12-15
Ва онҳо бо пирон ҷамъ омада ва машварат карда, ба сарбозон пули бисьёре доданд Ва гуфтанд: «Бигӯед, ки шогирдони Ӯ шабона омада, вақте ки мо дар хоб будем, Ӯро дуздидаанд; Ва агар ин сухан ба гӯши ҳоким расад, мо вайро бовар мекунонем ва шуморо аз хатар фориғ мегардонем». Онҳо пулро гирифта, мувофиқи он дастур амал карданд. Ва ин овоза то имрӯз дар миёни яҳудиён паҳн шудааст.
Explore Инҷили Матто 28:12-15