1
Инҷили Матто 27:46
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Ва наздик ба соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Ламма сабақтанӣ?» Яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»
Compare
Explore Инҷили Матто 27:46
2
Инҷили Матто 27:51-52
Ва инак, пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд: ва замин ҷунбид; ва сангҳо шикофта шуд; Ва қабрҳо кушода шуд; ва бисьёр ҷасадҳои муқаддасон, ки оромида буданд, эҳьё шуданд
Explore Инҷили Матто 27:51-52
3
Инҷили Матто 27:50
Исо боз бо овози баланде фарьёд зада, ҷон дод.
Explore Инҷили Матто 27:50
4
Инҷили Матто 27:54
Аммо мирисад ва онҳое ки бо вай Исоро посбонӣ мекарданд, ҷунбиши замин ва рӯйдодҳои дигарро дида, бағоят тарсиданд ва гуфтанд: «Ба ростӣ Ӯ Писари Худо буд».
Explore Инҷили Матто 27:54
5
Инҷили Матто 27:45
Ва аз соати шашум тамоми рӯи заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт.
Explore Инҷили Матто 27:45
6
Инҷили Матто 27:22-23
Пилотус ба онҳо гуфт: «Пас Исоро, ки Масеҳ меноманд, чӣ кунам?» Ҳама гуфтанд: «Ӯро маслуб кун!» Ҳоким гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарьёд заданд: «Ӯро маслуб кун!»
Explore Инҷили Матто 27:22-23