1
Ишаъё 65:24
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Ва воқеъ хоҳад шуд, ки пеш аз он ки онҳо бихонанд, Ман ҷавоб хоҳам дод, ва пеш аз он ки онҳо сухане гӯянд, Ман хоҳам шунид.
Compare
Explore Ишаъё 65:24
2
Ишаъё 65:17
Зеро, инак Ман осмони нав ва замини нав меофарам, ва чизҳои пештара ба хотир нахоҳад расид, ва ба дил нахоҳад омад
Explore Ишаъё 65:17
3
Ишаъё 65:23
Бар абас онҳо меҳнат нахоҳанд кард, ва барои изтироб нахоҳанд зоид, зеро ки онҳо, ва зурьёташон бо онҳо, насли мубораки Худованд мебошанд.
Explore Ишаъё 65:23
4
Ишаъё 65:22
Онҳо бино нахоҳанд кард барои он ки дигарон сокин шаванд; онҳо нахоҳанд шинонд барои он ки дигарон бихӯранд; зеро ки рӯзҳои қавми Ман мисли рӯзҳои дарахт хоҳад буд, ва баргузидагони Ман аз амали дастҳои худ то ба охир истифода хоҳанд бурд.
Explore Ишаъё 65:22
5
Ишаъё 65:20
Дар он ҷо дигар хурдсоле ва пире нахоҳад буд, ки ба пурии рӯзҳои худ нарасида бошад, зеро касе ки дар синни садсолагӣ бимирад, ҷавон ҳисоб меёбад, ва агар гуноҳкор дар синни садсолагӣ бимирад, ба лаънат дучор мешавад.
Explore Ишаъё 65:20
6
Ишаъё 65:25
Гург ва барра бо ҳам хоҳанд чарид, ва шер мисли гов коҳ хоҳад хӯрд, ва ғизои мор хок хоҳад буд; онҳо дар тамоми кӯҳи муқаддаси Ман бадӣ нахоҳанд кард ва осебе нахоҳанд расонид», — мегӯяд Худованд.
Explore Ишаъё 65:25
7
Ишаъё 65:19
Ва аз Ерусалим ба ваҷд хоҳам омад, ва аз қавми Худ шодӣ хоҳам кард; ва дар он дигар овози гирья ва овози фиғон шунида нахоҳад шуд.
Explore Ишаъё 65:19