Logo de l'Aplicació de la Bíblia
Icona de cerca

Инҷили Марқӯс 9

9
БОБИ НӮҲУМ
Дигаргун шудани Худованд.
1Ва ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Малакути Худоро, ки бо қудрат меояд, набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд ҷашид».
2Ва баъд аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъкуб ва Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд:
3Либосаш дурахшон ва чун барф бағоят сафед шуд, ки дар рӯи замин ҳеҷ шустагаре наметавонад чунон сафед кунад.
4Ва Ильёс бо Мусо ба онҳо намоён шуда, бо Исо гуфтугӯ мекарданд.
5Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Эй Устод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс».
6Зеро намедонист, чӣ гӯяд: чунки ҳаросон буданд.
7Ва абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт, ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман; Ӯро бишнавед».
8Баногоҳ, чун ба атрофи худ нигаристанд, касеро ҷуз Исо назди худ надиданд.
9Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуд, ки то Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, он чи дидаанд, ба касе нагӯянд.
10Ва онҳо ин суханро дар ёд дошта, аз якдигар мепурсиданд, ки аз мурдагон эҳьё шудан чӣ маънӣ дорад?
11Ва аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки Ильёс бояд аввал биёяд?»
12Ӯ ба ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Ильёс бояд аввал биёяд ва ҳама чизро соз кунад; ва Писари Одам, чунон ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, ранҷи бисьёр бинад ва ҳақир шумурда шавад;
13Лекин ба шумо мегӯям, ки Ильёс ҳам омад ва бо вай он чи хостанд, карданд, чунон ки дар бораи вай навишта шудааст».
Шифо ёфтани девона.
14Чун назди шогирдонаш омад, мардуми бисьёрро гирди онҳо дид, ва китобдононро, ки бо онҳо мубоҳиса мекарданд.
15Дарҳол тамоми мардум, чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд ва давон‐давон омада, ба Ӯ салом доданд.
16Ӯ аз китобдонон пурсид: «Бо инҳо чӣ мубоҳиса мекунед?»
17Яке аз байни мардум ба ҷавоб гуфт: «Эй Устод! Писари худро назди Ту овардам, ки рӯҳе гунг дорад:
18Ҳар ҷо, ки вайро бигирад, ба замин мезанад, вай кафк бароварда, дандонҳо бо ҳам месояд ва карахт мешавад; ба шогирдони Ту гуфтам, ки онро берун кунанд, натавонистанд».
19Ӯ ба ҷавоби вай гуфт: «Эй насли беимон! То кай бо шумо бошам? То ба кай шуморо тоқат кунам? Вайро назди Ман биёред».
20Вайро назди Ӯ оварданд. Чун Ӯро дид, рӯҳ вайро ба ларза андохт; вай ба замин афтода ва ғел зада, кафк баровард.
21Ва аз падари вай пурсид: «Кай боз ба ин ҳолат гирифтор аст?» Гуфт: «Аз кӯдакӣ;
22Борҳо вайро дар оташ ва дар об афканд, то вайро ҳалок кунад; лекин, агар метавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрӣ расон».
23Исо ба вай гуфт: «Агар имон оварда тавонӣ, барои имондор ҳама чиз имконпазир аст».
24Дарҳол падари кӯдак фарьёд зада, гирьякунон гуфт: «Имон меоварам, эй Худованд! Ба беимонии ман мадад кун».
25Чун Исо дид, ки мардум сӯяш шитоб мекунанд, рӯҳи палидро мазаммат намуда, гуфт: «Эй рӯҳи гунг ва кар! Ба ту амр мефармоям, ки аз вай берун рав ва дигар дохили вай нашав».
26Пас бонг зада, вайро сахт ба ларза андохта, берун рафт; вай монанди мурда гашт, ба тавре ки бисьёр касон гуфтанд, ки вай мурдааст.
27Лекин Исо дасташро гирифта бархезонд; вай ба по истод.
28Ва чун ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ ба танҳоӣ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?»
29Ба онҳо гуфт: «Ин ҷинс ба ҳеҷ ваҷҳ берун намеравад, ҷуз ба дуо ва рӯза».
Исо бори дуюм мамот ва эҳьёи Худро пешгӯӣ мекунад.
30Ва аз он ҷо равона шуда, аз Ҷалил мегузаштанд; ва Ӯ намехост, ки касе Ӯро бишиносад.
31Зеро шогирдони Худро таълим дода мегуфт, ки Писари Одам ба дасти одамон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро хоҳанд кушт; чун кушта шуд, пас аз се рӯз эҳьё хоҳад шуд.
32Лекин онҳо ин суханро нафаҳмиданд ва тарсиданд, ки аз Ӯ бипурсанд.
Иззатталабии шогирдон.
33Ба Кафарнаҳум омад; чун дар хона буд, аз онҳо пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар чӣ хусус муҳокима мекардед?»
34Онҳо хомӯш монданд, чунки дар роҳ бо якдигар муҳокима мекарданд, ки кист бузургтар.
35Ӯ нишаста, он дувоздаҳро наздаш хонд ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ мехоҳад нахустин бошад, вопасин ва хизматгори ҳама шавад».
36Пас кӯдакеро гирифта, дар миёни онҳо ба по гузошт ва, дар оғӯш кашида, ба онҳо гуфт:
37«Ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба исми Ман кабул кунад, вай Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, вай на Маро, балки Фиристандаи Маро қабул мекунад».
Рашки сохтаи шогирдон.
38Он гоҳ Юҳанно гуфт: «Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба исми Ту девҳоро берун мекард, лекин моро пайравӣ намекард, ва мо вайро манъ кардем, чунки моро пайравӣ намекард».
39Исо гуфт: «Вайро манъ накунед; зеро ҳеҷ касе нест, ки ба исми Ман мӯъҷиза бинмояду ба зудӣ дар ҳаққи Ман бад гуфта тавонад.
40Зеро ҳар кӣ зидди мо нест, бо мост.
41Ва ҳар кӣ ба исми Ман шуморо, аз он рӯ ки пайрави Масеҳ ҳастед, косаи обе бинӯшонад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, мукофоти худро зоеъ нахохад кард.
Огоҳонидан аз васваса.
42Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар баҳр афкананд.
43Ва агар дастат туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки маъюб шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ба дӯзах равона шавӣ, дар оташе ки хомӯшнашаванда аст,
44Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.
45Ва агар поят туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки ланг шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду по дар дӯзах андохта шавӣ, дар оташе ки хомӯшнашаванда аст,
46Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.
47Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро бикан: барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба Малакути Худо дароӣ, аз ин ки бо ду чашм дар оташи дӯзах андохта шавӣ,
48Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.
49Зеро ҳар кас бо оташ намакин хоҳад шуд, ва ҳар курбон бо намак намакин хоҳад шуд.
50Намак хуб аст; лекин агар намак шӯр набошад, бо чӣ шумо онро ислоҳ мекунед? Пас дар худ намак бидоред, ва бо якдигар муросо кунед».

Subratllat

Copia

Compara

Comparteix

None

Vols que els teus subratllats es desin a tots els teus dispositius? Registra't o inicia sessió