Инҷили Марқӯс 8
8
БОБИ ҲАШТУМ
Сер шудани 4 ҳазор нафар.
1Дар он рӯзҳо, ки боз мардуми бисьёре ҷамъ омада буданд ва барои хӯрдан чизе надоштанд, Исо шогирдони Худро пеш хонда, гуфт:
2«Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро ки се рӯз боз назди Ман мебошанд ва барои хӯрдан чизе надоранд;
3Агар онҳоро гурусна ба хонаҳошон ҷавоб диҳам, дар роҳ бемадор хоҳанд шуд, зеро ки баъзе аз онҳо аз роҳи дур омадаанд».
4Шогирдонаш ба Ӯ ҷавоб доданд: «Аз куҷо касе метавонад дар ин биёбон онҳоро аз нон сер кунад?»
5Аз онҳо пурсид: «Чандто нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто».
6Пас ҷамоатро фармуд, ки бар замин бинишинанд; ҳафт нонро гирифта, бо изҳори шукргузорӣ пора кард ва ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд; ва онҳо гузоштанд.
7Ва чанд моҳии майда низ доштанд; онҳоро низ, баракат дода, фармуд, ки пеши ҷамоат гузоранд.
8Онҳо хӯрда сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабадро пур карда бардоштанд.
9Хӯрандагон қариб чор ҳазор нафар буданд. Ва онҳоро ҷавоб дод.
Фарисиён аломат талаб мекунанд.
10Дарҳол бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба худуди Далмонуто омад.
11Фарисиён берун омада, бо Ӯ ба мунозира даромаданд ва Ӯро озмуда, аломати осмонӣ аз Ӯ талаб карданд.
12Ӯ, аз дил оҳе кашида, гуфт: «Чаро ин насл аломате талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аломате ба ин насл ато нахоҳад шуд».
13Пас онҳоро гузошта, боз ба қаиқ савор шуд ва ба соҳили дигар гузашт.
Огоҳонидан аз хамиртуруши фарисиён ва Ҳиродус.
14Онҳо нон гирифтанро фаромӯш карданд ва бо худ дар қаиқ ҷуз як нон надоштанд.
15Ӯ онҳоро огоҳ карда, гуфт: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва аз хамиртуруши Ҳиродус ҳазар кунед».
16Онҳо бо якдигар муҳокима ронда, мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон надорем».
17Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред? Оё ҳанӯз нафаҳмидаед ва дарк накардаед? Оё то ҳол дили шумо сахт аст?
18Чашм дореду намебинед? Гӯш дореду намешунавед? Ва дар хотир надоред?
19Ҳангоме ки панҷ нонро барои панҷ ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Дувоздаҳ».
20«Ва ҳангоме ки ҳафт нонро барои чор ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?» Гуфтанд: «Ҳафт».
21Ба онҳо гуфт: «Пас чаро намефаҳмед?»
Шифо ёфтани кӯр дар наздикии Байт‐Сайдо.
22Чун ба Байт‐Сайдо омад, кӯреро назди Ӯ оварда, зорӣ намуданд, ки вайро ламс кунад.
23Ӯ дасти кӯрро гирифта, вайро аз қасаба берун бурд ва ба чашмони вай туф карда, дастҳои худро бар вай гузошт ва пурсид: «Оё чизе мебинӣ?»
24Вай назар афканда, гуфт: «Одамонро хиромон чун дарахтон мебинам».
25Он гоҳ дастҳояшро бори дигар бар чашмони вай гузошта, фармуд, ки назар афканад. Вай шифо ёфт ва ҳама чизро ба хубӣ бидид.
26Пас вайро ба хонааш фиристода, гуфт: «Дохили қасаба нашав ва дар он ҷо ба касе нақл нақун».
Эътирофи Петрус.
27Ва Исо бо шогирдонаш ба қасабаҳои Қайсарияи Филиппус рафт. Дар аснои роҳ аз шогирдонаш пурсид: «Мардум Маро кӣ мегӯянд?»
28Онҳо ҷавоб доданд: «Мегӯянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегӯянд, ки Ильёсӣ; ва баъзе мегӯянд, ки яке аз пайғамбаронӣ».
29Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» Петрус ҷавоб дода, гуфт: «Ту Масеҳ ҳастӣ».
30Пас ба онҳо таъин кард, ки дар бораи Ӯ ба ҳеҷ кас гап назананд.
Исо бори аввал дар бораи уқубатҳои Худ эълон мекунад.
31Он гоҳ ба таълими онҳо оғоз намуда, гуфт, ки «Писари Одам бояд бисьёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, саркоҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад ва пас аз се рӯз эҳьё шавад».
32Чун ин суханонро ошкоро мегуфт, Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба зътироз кардан шурӯъ намуд.
Хизматгузории ҳақиқӣ.
33Лекин Ӯ баргашта, ба шогирдонаш нигарист ва Петрусро манъ карда, гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав, зеро ту на дар бораи амру наҳйи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ».
34Пас мардумро бо шогирдонаш назди Худ хонда, гуфт. «Ҳар кӣ хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд:
35Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман ва Инҷил барбод диҳад, онро мераҳонад;
36Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад?
37Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?
38Зеро, ҳар кӣ дар ин насли зинокор ва осӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам низ, ҳангоме ки бо фариштагони муқаддас дар ҷалоли Падари Худ меояд, аз вай шарм хоҳад кард».
S'ha seleccionat:
Инҷили Марқӯс 8: KM92
Subratllat
Copia
Compara
Comparteix
Vols que els teus subratllats es desin a tots els teus dispositius? Registra't o inicia sessió
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.