Инҷили Марқӯс 10
10
БОБИ ДАҲУМ
Қонуни Исо дар бораи талоқ.
1Аз он ҷо баромада, ба он сӯи Урдун, ба худуди Яҳудо омад. Боз мардум назди Ӯ шитофтанд; ва Ӯ, аз рӯи одаташ, боз онҳоро таълим медод.
2Фарисиён наздик омада ва Ӯро озмуданӣ шуда, пурсиданд: «Оё ҷоиз аст, ки мард зани худро талоқ диҳад?»
3Ба ҷавоби онҳо гуфт: «Мусо ба шумо чӣ фармудааст?»
4Гуфтанд: «Мусо иҷозат додааст, ки талоқномае навишта ҷудо шаванд».
5Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ба сабаби дилсахтии шумо ин ҳукмро барои шумо навиштааст;
6Лекин аз ибтидои офариниш Худо онҳоро марду зан офарид.
7Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад,
8Ва ҳар ду як тан мешаванд, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд.
9Пас он чиро, ки Худо ба ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад».
10Дар хона шогирдонаш боз дар ин бора аз Ӯ пурсиданд.
11Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро никоҳ кунад, дар ҳаққи вай зино карда бошад;
12Ва агар зане аз шавҳари худ ҷудо шуда, ба никоҳи дигаре дарояд, низ зино карда бошад».
Исо кӯдаконро дуои хайр мекунад.
13Кӯдаконро назди Ӯ меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад; лекин шогирдон ба оварандагон монеъ мешуданд.
14Чун Исо дид, дарғазаб шуда, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад.
15Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад».
16Ва онҳоро ба оғӯш кашид ва даст бар онҳо ниҳода, дуои хайр кард.
Исо ва ҷавони сарватдор.
17Вақте ки ба роҳ мебаромад, касе назди Ӯ шитофта, зону бар замин зад ва пурсид: «Эй Устоди некӯ, чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?»
18Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худон ягона.
19Аҳкомро медонӣ: „Зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; озор надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун“».
20Вай ба ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам».
21Исо ба вай нигариста, дӯст дошт ва гуфт: «Туро як чиз намерасад: бирав, ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе хоҳӣ ёфт; ва омада, салиб бардор ва Маро пайравӣ кун».
22Лекин вай аз ин сухан ошуфта ва ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисьёр дошт.
Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон душвор аст.
23Исо ба гирду пеш нигариста, ба шогирдонаш гуфт: «Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст!»
24Шогирдон аз суханони Ӯ дар ҳайрат шуданд. Исо боз ба ҷавоби онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Ба онҳое ки умеди сарват доранд, даромадан ба Малакути Худо чӣ гуна душвор аст!
25Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад».
26Онҳо бағоят дар ҳайрат шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?»
27Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Ба одамизод ин ғайриимкон аст, лекин на ба Худо; зеро ки ба Худо ҳама чиз имконпазир аст».
Мукофоти шогирдон.
28Он гоҳ Петрус ба Ӯ гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем».
29Исо ба ҷавоб гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро аз баҳри Ман ва Инҷил тарк кунаду
30Алҳол, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон ва амлок ва дар олами оянда хаёти ҷовидонӣ наёбад;
31Лекин басо аввалин, ки охирин хоҳанд шуд, ва охирин — аввалин».
Исо бори сеюм мамот ва эҳьёи Худро пешгӯӣ мекунад.
32Чун дар роҳи сӯи Ерусалим буданд, Исо пешопеши онҳо мерафт, ва онҳо дар ҳайрат буданд, ва чун аз ақиби Ӯ мерафтанд, ҳаросон мешуданд. Ва Ӯ он дувоздаҳро назди Худ хонда, боз ба гуфтани он чи ба сараш меояд, оғоз намуд:
33«Инак мо сӯи Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро ба марг маҳкум кунанду ба дасти ғайрияҳудиён таслим кунанд;
34Ва Ӯро тамасхур кунанд, тозиёна зананд, туфборон кунанд, бикушанд; ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад».
Хоҳиши иззатталабонаи писарони Забдой.
35Он гоҳ Яъқуб ва Юҳанно, ду писари Забдой, назди Ӯ омада, гуфтанд: «Эй Устод! Мехоҳем, он чи аз Ту хоҳиш кунем, барои мо бикунӣ».
36Ба онҳо гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барои шумо бикунам?»
37Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо лутф намо, ки яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат дар ҷалоли Ту биншинем».
38Исо ба онҳо гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, бинӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, биёбед?»
39Онҳо ба ҷавоб гуфтанд: «Метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Косаеро, ки Ман менӯшам, хоҳед нӯшид ва таъмидеро, ки Ман меёбам, хоҳед ёфт;
40Лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам; ҷуз онҳое ки барояшон муҳайё шуда бошад».
41Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз Яъқуб ва Юҳанно норозӣ шуданд.
42Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда гуфт: «Шумо медонед, ононе ки мири халқҳо ба шумор мераванд, бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешаванд;
43Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад;
44Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи ҳама шавад;
45Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад».
Бартимаи кӯр бино шуд.
46Ба Ериҳӯ омаданд. Вақте ки Ӯ бо шогирдонаш ва мардуми бисьёр аз Ериҳӯ мебаромад, Бартимай ибни Тимай ном кӯре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид.
47Чун шунид, ки ин Исои Носирист, фарьёдкунон гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман раҳм кун».
48Бисьёр касон вайро ба хомӯш шудан водор мекарданд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман раҳм кун».
49Исо истода, фармуд, ки вайро бихонанд. Онҳо кӯрро хонда, гуфтанд: «Осуда бош, бархез, ки туро мехонад».
50Вай ҷомаи худро кашида, бархосту назди Исо омад.
51Исо ба вай ҷавоб гардонда, гуфт: «Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту бикунам?» Кӯр ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Мехоҳам бино шавам».
52Исо ба вай гуфт: «Бирав, ки имонат туро шифо бахшид». Вай дарҳол бино гашта, аз ақиби Исо дар роҳ равона шуд.
S'ha seleccionat:
Инҷили Марқӯс 10: KM92
Subratllat
Copia
Compara
Comparteix
Vols que els teus subratllats es desin a tots els teus dispositius? Registra't o inicia sessió
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.