Logo de l'Aplicació de la Bíblia
Icona de cerca

Инҷили Марқӯс 7

7
БОБИ ҲАФТУМ
Аҳкоми Худо аз қоидаҳои инсонӣ болотар аст.
1Фарисиён ва баъзе китобдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, назди Ӯ ҷамъ шуданд;
2Ва чун диданд, ки баъзе шогирдони Ӯ бо дастҳои нопок, яъне ношуста, нон мехӯранд, сарзаниш карданд.
3Зеро ки фарисиён ва ҳамаи яҳудиён ба ривоятҳои муршидон пайравӣ намуда, то дастҳои худро бодиққат нашӯянд, хӯрок намехӯранд;
4Ва чун аз бозорҳо оянд, то нашӯянд, чизе намехӯранд. Ва бисьёр расмҳои дигар ҳаст, ки нигоҳ медоранд: монанди шустани пиёлаҳо, кӯзаҳо ва курсиҳо.
5Пас фарисиён ва китобдонон аз Ӯ пурсиданд: «Чаро шогирдони Ту ба ривоятҳои муршидон пайравӣ намекунанд, балки бо дастҳои ношуста нон мехӯранд?»
6Ӯ ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Ишаъё дар бораи шумо, эй риёкорон, некӯ пайғом додааст, чунон ки навишта шудааст:
„Ин мардум бо лабони худ Маро парастиш мекунанд,
лекин дилашон аз Ман дур аст;
7Пас Маро бар абас парастиш мекунанд,
зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд“.
8Зеро шумо ҳукми Худоро як сӯ гузошта, ривоятҳои инсониро, монанди шустани кӯзаҳо ва пиёлаҳо, нигоҳ медоред ва бисьёр расмҳои дигарро ба ҷо меоваред».
9Ва ба онҳо гуфт: «Оё хуб аст, ки шумо ҳукми Худоро ботил мекунед, то ки ривояти худро риоя намоед?
10Зеро Мусо гуфтааст: „Падару модари худро иззат намо“; ва: „Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад“.
11Лекин шумо мегӯед: „Ҳар гоҳ касе ба падар ё модари худ гӯяд: «Он чи аз ман нафъ ёбӣ, қурбон, яъне ҳадия барои Ҳудост»“, —
12Ва баъд аз ин намегузоред, ки вай ба падар ё модари худ ягон чиз кунад,
13Дар айни ҳол каломи Худоро бо ривояти худ, ки ҷорӣ сохтаед, бартараф менамоед; ва бисьёр расмҳои монанди инро ба ҷо меоваред».
Одамро ба ҳузури Худо чӣ палид мекунад.
14Ва он ҷамоатро назди худ даъват намуда, гуфт: «Ҳама ба Ман гӯш диҳед ва бифаҳмед.
15Чизе нест, ки аз берун ба даруни одам даромада, вайро палид карда тавонад; балки чизе ки аз дарунаш баромада бошад, одамро палид мекунад.
16Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
17Ва чун аз назди ҷамоат ба хона даромад, шогирдонаш маънии ин масалро аз Ӯ пурсиданд.
18Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё шумо низ чунин бефаҳм ҳастед? Оё намедонед, ки ҳар чизе аз берун ба даруни одам дарояд, наметавонад вайро нопок кунад?
19Зеро ба даруни дилаш намедарояд, балки ба шикамаш меравад ва аз он хориҷ мешавад, ва ба ин сурат ҳар хӯрок пок мегардад».
20Баъд гуфт: «Он чи аз одам берун ояд, одамро нопок месозад;
21Зеро ки аз даруни дили одам хаёлоти бад, зино, фисқ, катл,
22Дуздӣ, тамаъ, кина, макр, ҳирс, чашми бад, куфр, ғурур ва ҷаҳолат пайдо мешавад.
23Тамоми ин чизҳои бад аз дарун пайдо шуда, одамро палид мекунад».
Исо ва зане ки аз Финиқияи Сурия буд.
24Ва аз он ҷо равона шуда, ба худуди Сӯр ва Сидӯн расид; ва ба хонае даромада, нахост, ки касе Ӯро шиносад; лекин натавонист пинҳон монад.
25Зеро зане ки духтараш рӯҳи палид дошт, хабари Ӯро шунид ва ҳамон дам омада, пеши пои Ӯ афтод;
26Ва он зан юнонӣ, аз аҳли Финиқияи Сурия буд; ва аз Ӯ илтимос намуд, ки девро аз духтараш берун кунад.
27Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор аввал бачагон сер шаванд; зеро нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест».
28Зан ҷавоб дода гуфт: «Оре, Худовандо; лекин сагон низ пасмондаҳои бачагонро зери суфра мехӯранд».
29Ба вай гуфт: «Аз барои ин сухан бирав, ки дев аз духтарат берун шуд».
30Чун зан ба хонаи худ омад, девро беруншуда ва духтарро бар бистар хуфта ёфт.
Касе ки гӯши кар ва лакнати забон дошт, шифо ёфт.
31Боз аз ҳудуди Сӯр ва Сидӯн баромада, Ӯ ба воситаи ҳудуди Декаполис сӯи баҳри Ҷалил равона шуд.
32Назди Ӯ якеро оварданд, ки гӯши кар ва лакнати забон дошт, ва илтимос карданд, ки даст бар вай гузорад.
33Вайро аз миёни ҷамоат ба хилват бурда, ангушти Худро дар гӯшҳои вай ниҳод ва туф карда, забонашро ламс кард;
34Ва ба осмон нигариста, оҳе кашид ва ба вай гуфт: «Ифатаҳ», яъне: «Воз шав».
35Дарҳол гӯшҳояш кушода ва гиреҳи забонаш яла шуда, ба дурустӣ сухан гуфт.
36Ва ба онҳо таъин кард, ки ба касе хабар надиҳанд. Лекин ҳар чанд ба онҳо манъ мекард, онҳо бештар овоза мекарданд.
37Ва бағоят ҳайрон монда, мегуфтанд: «Ҳар корро нағз мекунад: карҳоро шунаво ва гунгҳоро гӯё мегардонад».

Subratllat

Copia

Compara

Comparteix

None

Vols que els teus subratllats es desin a tots els teus dispositius? Registra't o inicia sessió