Масалҳо 26
26
БОБИ БИСТУ ШАШУМ
Давоми он.
Коҳилон ва дурӯғгӯён сазовори обрӯ нестанд.
1Чунон ки барф дар тобистон ва борон дар мавсими дарав бошад,
ончунон иззат ба аблаҳ муносиб нест.
2Чунон ки мурғак мепарад, чунон ки фароштурук парвоз мекунад,
ончунон лаънати ноҳақ ба нишон намерасад.
3Қамчин барои асп аст, халачӯб барои хар,
ва чӯб барои тахтапушти аблаҳон.
4Ба аблаҳ мувофиқи беақлии вай ҷавоб надеҳ:
мабодо ту низ ба вай монанд шавӣ.
5Ба аблаҳ мувофиқи беақлии вай ҷавоб деҳ:
мабодо ба назари худаш хирадманд намояд.
6Касе ки ба аблаҳ супорише диҳад,
ба пойҳои худ нуқсон мерасонад, худро ба азоб мемонад.
7Чунон ки соқҳои пои ланг печутоб мехӯрад,
ончунон масал дар даҳони аблаҳон аст.
8Касе ки аблаҳро иззат кунад, мисли касест,
ки санге дар фалахмон бимонад.
9Чунон ки дар дасти маст хор медарояд,
ончунон масал дар даҳони аблаҳон аст.
10Оғо ҳама чизро вайрон мекунад,
агар аблаҳро киро кунад ва ё роҳгузаронро киро кунад.
11Чунон ки саг ба қаи худ бармегардад,
ончунон аблаҳ беақлии худро такрор мекунад.
12Оё шахсеро дидаӣ, ки дар назари худаш хирадманд аст?
Умед аз аблаҳ, назар ба вай, бештар аст.
13Коҳил мегӯяд: «Шер дар сари роҳ аст!
Асад дар миёни кӯчаҳост!»
14Дарвоза бар ошиқ‐маъшуқаш мегардад,
вале коҳил бар бистараш.
15Коҳил дасти худро дар табақ меандозад,
ва аз бурдани он ба даҳони худ монда мешавад.
16Коҳил дар назари худ хирадмандтар аст
аз ҳафт касе ки бомулоҳиза ҷавоб медиҳанд.
17Касе ки ба ҷанҷоли дигарон дахолат кунад,
мисли роҳгузарест, ки сагро аз гӯшҳои он бидорад.
18Чунон ки касе, шӯхикунон,
шарораҳои оташ ва тирҳои марговар меандозад,
19Ончунон аст шахсе ки ёри худро фиреб диҳад ва гӯяд:
«Ман фақат шӯхӣ кардам».
20Ҳезум набошад — оташ хомӯш мешавад,
ва бадгӯӣ набошад — ситеза сокит мешавад.
21Чунон ки ангишт барои оташпораҳо ва ҳезум барои оташ аст,
ончунон шахси ситезакор барои ҷанҷол хезондан аст.
22Суханони бадгӯй мисли таомҳои лазиз аст,
ва онҳо андаруни ботин фурӯ меравад.
23Чунон ки ғаши нуқра бар зарфи сафолин андуда мешавад,
ончунон лабҳои оташбор ва дили пуркина аст.
24Бадхоҳ бо лабҳои худ чашмбандӣ мекунад,
вале дар ботини худ макрро ҷо медиҳад;
25Бо овози нарм гап занад ҳам, ба сухани ӯ бовар накун,
чунки ҳафт зиштӣ дар дили ӯст;
26Кинаи ӯ бо найранг рӯпӯш шавад ҳам,
оқибат бадии ӯ дар миёни ҷамоат ошкор мегардад.
27Касе ки чоҳ канад, худаш дар он фурӯ меғалтад,
ва касе ки санг ғелонад, он ба худаш бармегардад.
28Забони дурӯғгуй ба касоне ки неш мезанад, кина дорад,
ва даҳони тамаллуқгӯй дом мениҳад.
Currently Selected:
Масалҳо 26: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

: