Нома ба Филиппиён 2:3-8
Нома ба Филиппиён 2:3-8 KM92
Аз рӯи рақобат ё шӯҳратпарастӣ ҳеҷ коре накунед, балки бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло донед, Ва ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд. Зеро дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд, Ки Ӯ, бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт. Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд, Ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд.