YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Матто 3

3
БОБИ СЕЮМ
Хизматгузории Яҳьёи Таъмиддиҳанда;
шаҳодати ӯ дар бораи Исо.
1Дар он айём Яҳьёи Таъмиддиҳанда зоҳир шуда, дар биёбони Яҳудо мавъиза мекард,
2Ва мегуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст».
3Зеро ӯ ҳамон аст, ки Ишаъёи набӣ аз ӯ хабар дода, гуфтааст:
«Овози нидокунандае дар биёбон:
„роҳи Худовандро тайёр кунед,
тариқи Ӯро рост кунед“».
4Ва ин Яҳьё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт; ва хӯроки ӯ малах ва асали ёбоӣ буд.
5Он вақт аҳли Ерусалим ва тамоми Яҳудо ва музофоти Урдун назди ӯ берун меомаданд,
6Ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рӯди Урдун таъмид меёфтанд.
7Чун бисьёре аз фарисиён#3:7 фарисиён — узви фирқае ки дар баробари Таврот ривоятҳои муршидонро низ риоя мекард. ва саддуқиёнро#3:7 саддуқиёнро — узви фирқае ки фақат Тавротро мешинохт. дид, ки назди ӯ барои таъмид меоянд, ба онҳо гуфт: «Эй афъизодагон! Кӣ ба шумо талқин кард, ки аз ғазаби оянда бигрезед?
8Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад,
9Ва дар дили худ нагӯед, ки „падари мо Иброҳим аст“; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад;
10Ва алҳол теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва дар оташ андохта хоҳад шуд;
11Ман шуморо бо об барои тавба таъмид медиҳам, лекин Он ки пас аз ман меояд, аз ман тавонотар аст; ман сазовори он нестам, ки пойафзоли Ӯро бардорам; Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид ҳоҳад дод;
12Ӯ ғалбери Худро дар даст дорад, ва Ӯ хирмангоҳи Худро тоза карда, гандуми Худро дар анбор гирд хоҳад овард, лекин коҳро дар оташи ҳомӯшнашаванда ҳоҳад сӯзонд».
Таъмиди Исо.
13Он гоҳ Исо аз Ҷалил ба Урдун назди Яҳьё омад, то ки аз вай таъмид ёбад.
14Лекин Яҳьё Ӯро боздошта, гуфт: «Маро лозим аст, ки аз Ту таъмид ёбам, ва Ту назди ман меоӣ?»
15Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Алҳол бигзор; зеро ки моро лозим аст ҳар навъ адолатро ин тавр ба ҷо оварем». Пас Яҳьё Ӯро вогузошт.
16Ва Исо таъмид ёфта, дарҳол аз об баромад, ва инак, осмон ба рӯи Ӯ кушода шуд, ва Рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре нозил шуда, бар Ӯ қарор мегирад.
17Ва инак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст».

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy