Инҷили Матто 20
20
БОБИ БИСТУМ
Масал дар бораи коргарони токзор.
1Зеро Малакути Осмон монанди соҳиби хонаест, ки бомдодон берун рафт, то ки барои токзори худ коргаронро киро кунад,
2Ва бо коргарон рӯзе як динорӣ паймон карда, онҳоро ба токзори худ фиристод.
3Ва қариби соати сеюм#20:3 Соати сеюм — соати нӯҳи субҳ. берун рафта, дигаронро дид, ки дар бозор бекор истодаанд,
4Ва ба онҳо гуфт: „Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод“. Ва онҳо рафтанд.
5Боз қариби соатҳои шашум#20:5 соатҳои шашум — соати дувоздаҳи рӯз. ва нӯҳум#20:5 ва нӯҳум — соати сеи гашти пешин. берун рафта, ҳамчунин кард.
6Ва қариби соати ёздаҳум#20:6 Соати ёздаҳум — соати панҷи бегоҳирӯзӣ. берун рафта, дигаронро дид, ки бекор истодаанд, ва ба онҳо гуфт: „Барои чӣ шумо тамоми рӯз дар ин ҷо бекор истодаед?“
7Ба вай гуфтанд: „Касе моро киро накард“. Ба онҳо гуфт: „Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод“.
8Чун шом расид, соҳиби токзор ба амалдори худ гуфт: „Коргаронро ҷеғ зада, муздашонро аз охирин то аввалин бидеҳ“.
9Онҳое ки қариби соати ёздаҳум омада буданд, ҳар яке диноре гирифтанд.
10Онҳое ки аввалин шуда омада буданд, хаёл карданд, ки бештар хоҳанд гирифт; лекин онҳо низ ҳар яке диноре гирифтанд;
11Ва чун гирифтанд, аз соҳиби хона шикоят карда,
12Гуфтанд: „Ин охиромадагон як соат кор карданд, ва ту онҳоро бо мо, ки сахтӣ ва гармии рӯзро аз сар гузарондем, баробар донистӣ“.
13Лекин вай дар ҷавоби яке аз онҳо гуфт: „Эй рафиқ! Туро озор надодаам; оё ту ба як динор бо ман паймон накардӣ?
14Музди худро гирифта, рав; мехоҳам ба ин охирин мисли ту диҳам;
15Оё ҳақ надорам, ки бо чизи худ он чи хоҳам, бикунам? Оё аз он ки ман некдил ҳастам, ту ҳасад мебарӣ?“
16Ба ин тариқа охиринҳо аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо — охирин; зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон — кам».
Исо боз дар бораи мамот ва эҳьёи Худ эълон мекунад.
17Ва ҳангоме ки ба Ерусалим мерафтанд, Исо дар аснои роҳ дувоздаҳ шогирдашро танҳо назди Худ хонда, ба онҳо гуфт:
18«Инак, мо сӯи Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро ба марг маҳкум хоҳанд кард;
19Ва Ӯро ба дасти ғайрияҳудиён таслим хоҳанд кард, то ки тамасхур намоянд, тозиёна зананд ва маслуб кунанд; ва дар рӯзи сеюм эҳьё хоҳад шуд».
Хоҳиши иззатталабонаи Саломия дар бораи писаронаш.
20Он гоҳ модари писарони Забдой бо писарони худ назди Ӯ омада ва саҷда бурда, аз Ӯ чизе илтимос кард.
21Исо ба вай гуфт: «Чӣ хоҳиш дорӣ?» Гуфт: «Бифармо, ки ду писари ман дар Малакути Ту яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат биншинанд».
22Исо дар ҷавоб гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, бинӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, биёбед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Метавонем».
23Ба онҳо гуфт: «Косаи Маро хоҳед нӯшид, ва таъмидеро, ки Ман меёбам, хоҳед ёфт; лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам; ҷуз онҳое ки барояшон аз ҷониби Падари Ман муҳайё шуда бошад».
24Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз он ду бародар норозӣ шуданд.
25Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, ки мирони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешаванд;
26Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад.
27Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи шумо шавад;
28Чунки Писари Одам на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад».
Шифо ёфтани ду кӯр дар наздикии Ериҳӯ.
29Ва ҳангоме ки онҳо аз Ериҳӯ мебаромаданд, мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ мерафтанд.
30Ва инак, ду кӯр, ки дар канори роҳ нишаста буданд, гузаштани Исоро шунида, фарьёдкунон гуфтанд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».
31Мардум онҳоро ба хомӯш шудан водор мекарданд; лекин онҳо боз ҳам бештар фарьёд мезаданд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».
32Исо истода, онҳоро назди Худ хонд ва гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барои шумо бикунам?»
33Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Мехоҳем чашмони мо кушода шавад».
34Пас Исо ба онҳо раҳм карда, чашмҳошонро ламс намуд; ва дарҳол бино гашта, аз ақиби Ӯ равона шуданд.
Currently Selected:
Инҷили Матто 20: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.