Bible App logo
Search Icon

Инҷили Матто 14

14
БОБИ ЧОРДАҲУМ
Беқарории Ҳиродус.
Қатли Яҳьёи Таъмиддиҳанда.
1Дар он ҳангом овозаи Исо ба гӯши тетрарх#14:1 Тетрарх — ҳокими чорьяки мамлакат. Ҳиродус расид,
2Ва ба хизматгузорони худ гуфт: «Ин Яҳьёи Таъмиддиҳанда аст; вай аз мурдагон эҳьё шудааст, ва аз ин сабаб ин мӯъҷизот аз вай ба зуҳур меояд».
3Зеро ки Ҳиродус Яҳьёро дастгир карда ва баста, ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия, зани Филиппус бародараш;
4Зеро Яҳьё ба вай гуфта буд: «Ба ту раво нест, ки вайро ба занӣ бигирӣ».
5Ва мехост ӯро ба қатл расонад, лекин аз мардум тарсид, чунки ӯро набӣ медонистанд.
6Аммо вақте ки Ҳиродус рӯзи таваллуди худро ҷашн мегирифт, духтари Ҳиродия дар пеши аҳли базм рақсид, ва ин ба Ҳиродус бисьёр писанд афтод;
7Аз ин рӯ ба вай қасам ёд карда, ваъда дод, ки ҳар он чи хоҳад, ба вай медиҳад.
8Пас вай, бо талқини модари худ, гуфт: «Каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро дар ҳамин ҷо дар табақе ба ман ҳадия бикун».
9Подшоҳ ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, амр фармуд, ки дода шавад,
10Ва ҷаллодеро фиристод, то дар зиндон каллаи Яҳьёро аз танаш ҷудо кунад.
11Ва каллаи ӯро дар табақе оварда, ба духтар доданд, ва онро вай ба модари худ бурд.
12Ва шогирдонаш омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гӯр карданд; ва рафта, ба Исо хабар доданд.
13Чун Ӯ инро шунид, ба қаиқ савор шуда, аз он ҷо танҳо ба ҷои хилвате рафт; ва мардум, чун шуниданд, аз ақиби Ӯ аз шаҳрҳо пиёда равона шуданд.
14Ва Исо берун омада, анбӯҳи мардумро дид, ва ба онҳо раҳмаш омад, ва беморони онҳоро шифо дод.
Сер шудани панҷ ҳазор мард.
15Дар вақти аср шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Ин ҷо ҷои хилват аст, вақт ҳам дер шуд; мардумро ҷавоб деҳ, то ки ба деҳот рафта, барои худ хӯроке бихаранд».
16Ба онҳо гуфт: «Ҳоҷате нест, ки онҳо бираванд: шумо ба онҳо хӯрок диҳед».
17Ба Ӯ гуфтанд: «Мо дар ин ҷо фақат панҷ нон ва ду моҳӣ дорем».
18Гуфт: «Онҳоро ин ҷо назди Ман биёред».
19Ва мардумро фармуд, ки бар сабза биншинанд, ва панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигаристу баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдон дод, ва шогирдон ба мардум доданд.
20Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд;
21Ва хӯрандагон, ба ғайр аз занону бачагон, тақрибан панҷ ҳазор мард буданд.
Исо бар об қадам мезанад.
Сустимонии Петрус.
22Дарҳол Исо шогирдони Худро фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пеш аз Ӯ ба соҳили дигар равона шаванд, то Ӯ мардумро ҷавоб диҳад.
23Ва чун мардумро ҷавоб дод, барои дуо гуфтан танҳо бар фарози кӯҳе баромад; бегоҳирӯзӣ низ дар он ҷо танҳо буд.
24Ва қаиқ ҳанӯз дар миёнаи баҳр буд ва аз мавҷҳо лат мехӯрд, зеро ки боди мухолиф мевазид.
25Ва дар поси чоруми шаб Исо бар баҳр қадам зада, назди онҳо омад.
26Ва шогирдон чун Ӯро диданд, ки бар баҳр қадам мезанад, дар изтироб афтода, гуфтанд: «Ин шабаҳ аст!» Ва аз тарс фарьёд заданд.
27Лекин Исо дарҳол ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед».
28Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо! Агар ин Туӣ, ба ман амр деҳ, то ки бар рӯи об назди Ту биёям».
29Гуфт: «Биё». Ва Петрус аз қаиқ баромада, бар рӯи об равона шуд, то ки назди Исо биёяд;
30Лекин чун боди шадидро дид, ҳаросон шуд ва дар ҳолате ки ғарқ мешуд, фарьёд кашид: «Худовандо! Маро халос кун».
31Исо фавран дасташро дароз карда, вайро нигоҳ дошт ва гуфт: «Эй сустимон! Чаро шубҳа кардӣ?»
32Вақте ки ба қаиқ даромаданд, бод сокит шуд.
33Онҳое ки дар қаиқ буданд, назди Ӯ омада, саҷда карданд ва гуфтанд: «Ҳақиқатан Ту Писари Худо ҳастӣ».
Шифо ёфтани беморон дар Ҷинесор.
34Ва аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омаданд.
35Ва сокинони он мавзеъ Ӯро шинохтанд ва ба тамоми музофот касонеро фиристода, ҳамаи беморонро назди Ӯ оварданд,
36Ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат домани ҷомаи Ӯро ламс кунанд; ва ҳар кӣ ламс кард, шифо ёфт.

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in