YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Матто 10

10
БОБИ ДАҲУМ
Насиҳат додан ва фиристодани дувоздаҳ шогирдон.
1Ва дувоздаҳ шогирдашро назди Худ хонда, ба онҳо бар арвоҳи палид қудрат дод, то ки онҳоро берун кунанд ва ҳар беморӣ ва бетобиро шифо диҳанд.
2Ва номҳои дувоздаҳ ҳавворӣ ин аст: аввал Шимъӯн, ки Петрус номида шуда буд, ва бародараш Андриёс, Яъқуб ибни Забдой ва бародараш Юҳанно,
3Филиппус ва Барталмо, Тумо ва Маттои боҷгир, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Лаббой, ки лақабаш Таддо буд,
4Шимъӯни Канно ва Яҳудои Исқарьют, ки Ӯро таслим кард.
5Ин дувоздаҳро Исо фиристод ва ба онҳо ҳукм дода, гуфт: «Ба роҳи ғайрияҳудиён наравед ва ба шаҳри сомариён надароед;
6Балки назди гӯсфандони гумшудаи ҳонадони Исроил биравед;
7Ва чун меравед, мавъиза карда, гӯед, ки Малакути Осмон наздик аст;
8Беморонро шифо диҳед, махавиёнро пок кунед, мурдагонро эҳьё кунед, девҳоро берун кунед; муфт ёфтаед, муфт диҳед.
9Дар камарбанди худ тилло ё нуқра ё мис захира накунед,
10Ва барои сафар на тӯрбае дошта бошед, на ду пероҳан, на чоруқ ва на асо. Зеро ки меҳнаткаш сазовори хӯроки худ мебошад.
11Ва дар ҳар шаҳр ё деҳа, ки медароед, суроғ кунед, ки дар он ҷо шахси шоиста кист, ва то вақти баромаданатон дар он ҷо бимонед;
12Вақте ки ба хонае медароед, салом бигӯед;
13Агар аҳли он хона лоиқ бошанд, саломи шумо бар онҳо қарор мегирад; ва агар лоиқ набошанд, саломатон сӯи шумо бармегардад.
14Ва ҳар кӣ шуморо қабул накунад, ва ба сухани шумо гӯш надиҳад, аз он хона ва ё шаҳр берун рафта, ғубори пойҳои худро биафшонед;
15Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳолати замини Садӯм ва Амӯро дар рӯзи доварӣ аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд.
16Инак, Ман шуморо монанди гӯсфандон ба миёни гургон мефиристам. Пас, мисли морон зирак ва мисли кабӯтарон содда бошед.
17Лекин аз мардум хазар кунед: зеро шуморо ба маҳкамаҳо хоҳанд супурд ва дар куништҳои худ шуморо қамчинкорӣ хоҳанд кард,
18Ва ба хотири Ман шуморо назди ҳокимон ва подшоҳон хоҳанд бурд, то ки барои онҳо ва халқҳо шаҳодате шавад.
19Лекин чун шуморо таслим кунанд, андеша накунед, ки чӣ гуна ва ё чӣ бояд бигӯед; зеро ки дар он соат ба шумо ато хоҳад шуд, ки чӣ бояд гуфт;
20Зеро ки гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳи Падари шумост, ки дар шумо гӯянда аст.
21Ва бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳад кард; ва фарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳанд расонд;
22Ва аз барои исми Ман тамоми мардум аз шумо нафрат хоҳанд кард; лекин ҳар кӣ то ба охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.
23Агар дар шаҳре шуморо таъқиб кунанд, ба дигаре бигрезед. Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки ҳамаи шаҳрҳои Исроилро тай кунед, Писари Одам хоҳад омад.
24Шогирд аз муаллими худ ва ғулом аз оғои худ авло нест:
25Басанда аст, ки шогирд чун муаллими худ бошад, ва ғулом чун оғои худ бошад. Агар соҳиби хонаро Баал‐Забул номида бошанд, аҳли хонаи вайро чӣ қадар зиёдтар хоҳанд номид.
26Пас, аз онҳо натарсед: зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад.
27Он чи дар торикӣ ба шумо мегӯям, дар рӯшноӣ бигӯед; ва он чи дар гӯш мешунавед, дар болои бомҳо мавъиза кунед.
28Ва аз кушандагони ҷисм, ки ба куштани рӯҳ қодир нестанд, натарсед; балки аз Ӯ ҳаросон бошед, ки қодир аст ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳро дар дӯзах нобуд кунад.
29Оё ду гунҷишк ба як фулус фурӯхта намешавад? Ва ҳол он ки ягонтои онҳо бе хости Падари шумо ба замин намеафтад;
30Лекин ҳамаи мӯйҳои сари шумо низ шумурда шудааст;
31Пас, натарсед: шумо аз бисьёр гунҷишкон бартарӣ доред.
32Пас, ҳар кӣ Маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард;
33Лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам кард.
34Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер;
35Зеро ки омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш чудо кунам.
36Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд.
37Хар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё духтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест;
38Ва ҳар кӣ салиби худро намебардорад ва маро пайравӣ намекунад, лоиқи Ман нест.
39Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро нигоҳдорӣ хоҳад кард.
40Ҳар кӣ шуморо қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад;
41Ҳар кӣ пайғамбарро ба исми пайғамбар қабул кунад, мукофоти пайғамбарро хоҳад ёфт; ва ҳар кӣ одилро ба исми одил қабул кунад, мукофоти одилро хоҳад ёфт.
42Ва ҳар кӣ яке аз ин хурдонро фақат як пиёла оби сард бинӯшонад, чунки исми шогирд дорад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки мукофоти худро аз даст нахоҳад дод».

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in