YouVersion Logo
Search Icon

Воиз 2

2
БОБИ ДУЮМ
Бефоида будани ҳаловатҳои заминӣ.
1Ман ба дили худ гуфтам: «Биё, туро бо айшу тараб биозмоям, то хуширо пайдо кунам», — ва инак, ин низ ҳеҷу пуч аст!
2Дар бораи ханда гуфтам: «Ҷунун аст!» Ва дар бораи айшу тараб: «Ин чӣ нафъ мекунад?»
3Дар дили худ аҳд кардам, ки ҷисми худро бо шароб лаззат диҳам ва, дар сурате ки дилам бо ҳикмат рафтор мекунад, ҳамоқатро низ нигоҳ дорам, то бубинам, ки кадомаш барои банӣ‐одам хуб аст, ки онро дар таҳти осмон дар айёми ками ҳаёти худ ба амал оваранд.
Сарват ва меҳнат қаноатмандии бардавоме намебахшанд.
4Корҳои бузурге кардам: хонаҳо барои худ сохтам, токзорҳо барои худ шинондам;
5Боғҳо ва фирдавсҳо барои худ барпо кардам, ва дар онҳо ҳар хел дарахтони мевадор шинондам;
6Ҳавзҳои об барои худ сохтам, то ки аз онҳо бешаеро, ки дарахтон дар он мерӯянд, обьёрӣ намоям;
7Ғуломон ва канизон харидам, ва хоназодон доштам; ҳамчунин бештар аз ҳамаи онҳое ки пеш аз ман дар Ерусалим буданд, рамаҳои говон, гӯсфандон ва бузон доштам;
8Нуқра ва тилло ва ганҷи подшоҳон ва кишварҳоро низ барои худ ҷамъ кардам; мутрибон ва мутрибагон, ва ҳаловатҳои банӣ‐одам, ва бисьёр канизони ҳамхоба барои худ пайдо кардам.
9Ва бузург шудам, ва бештар аз ҳар касе ки пеш аз ман дар Ерусалим буд, сарват зиёд кардам; ҳикматам низ мададгори ман буд.
10Ва ҳар чизе ки чашмонам ҳавас кард, аз онҳо дареғ надоштам; дили худро аз ҳеҷ айшу тараб боздорӣ накардам, чунки дилам аз ҳар меҳнати ман шод мешуд, — ва насибаи ман аз ҳар меҳнатам ҳамин буд.
11Вале ман ба ҳамаи корҳои худ, ки дастҳоям карда буд, ва ба меҳнате ки дар карданаш машаққат кашида будам, назар андохтам, — ва инак, ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст, ва дар таҳти офтоб суде надорад!
Ҳикмат аз аблаҳӣ беҳтар аст,
лекин ҳам ин ва ҳам он даргузар аст.
12Ва ман назар андохтам, то ки ҳикмат ва фисқу фуҷур ва ҳамоқатро бубинам, зеро одаме ки баъд аз подшоҳ меояд, чӣ коре метавонад бикунад хубтар аз он ки пештар карда шудааст?
13Ва ман дидам, ки бартарии ҳикмат бар ҳамоқат монанди бартарии рӯшноӣ бар торикист.
14Чашмони хирадманд дар сари ӯ воз аст, вале аблаҳ дар торикӣ роҳ меравад. Ва ман онро низ донистам, ки айни як воқеа ба ҳамаи онҳо рӯй хоҳад дод.
15Ва ман дар дили худ гуфтам: «Воқеае ки ба аблаҳ рӯй медиҳад, ба ман низ рӯй хоҳад дод, пас чаро ман бештар хирадманд шудаам?» Ва дар дили худ гуфтам, ки ин низ ҳеҷу пуч аст,
16Зеро ки зикре аз хирадманд, баробари аблаҳ, ба сурати абадӣ нахоҳад монд: дар айёми ояндаи дур ҳама фаромӯш хоҳад шуд, ва — ҳайҳот! — хирадманд баробари аблаҳ хоҳад мурд.
17Бинобар ин аз ҳаёт нафрат намудам, зеро корҳое ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дар назарам нохуш аст, чунки ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!
18Ва ман аз тамоми меҳнати худ, ки ман дар таҳти офтоб карда будам, нафрат намудам, чунки онро ба одаме ки баъд аз ман меояд, бояд боқӣ гузорам.
19Ва кист, ки бидонад, ки оё ӯ хирадманд хоҳад буд ё аблаҳ? Ва ӯ бар тамоми меҳнате ки дар таҳти офтоб бо машаққат ва ҳикмат кардаам, ҳукмфармо хоҳад шуд. Ин низ ҳеҷу пуч аст!
20Ва ман рӯ ба қафо оварда, дили худро аз тамоми меҳнате ки дар таҳти офтоб кардаам, маъюс гардондам,
21Зеро одаме ҳаст, ки бо ҳикмат ва дониш ва истеъдод меҳнат кардааст, ва онро бояд чун насибаи муносибе ба шахсе бидиҳад, ки дар он ҳеҷ машаққат накашидааст. Ин низ ҳеҷу пуч ва шарорати азим аст!
22Зеро одамизод аз тамоми меҳнати худ ва орзуи дили худ, ки дар таҳти офтоб кардааст, чӣ ҳаловате мебарад?
23Чунки дар тамоми айёми ӯ азоб ва ғусса шуғли ӯст; шабона ҳам дили ӯ ором надорад. Ин низ ҳеҷу пуч аст!
24Барои одамизод чизе хубтар аз ин нест, ки бихӯрад ва бинӯшад ва ҷони худро аз меҳнати худ лаззат диҳад; аммо дидам, ки ин низ аз дасти Худост.
25Зеро бе изни Худо кист, ки тавонад бихӯрад, ва кист, ки тавонад лаззат барад?
26Зеро ба одаме ки дар назари Ӯ нек аст, Худо ҳикмат ва дониш ва айшу тараб мебахшад, вале ба хатокор ғами ғун кардан ва андӯхтанро мебахшад, то ки онро ба касе ки дар назари Худо нек аст, бидиҳад. Ин низ ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!

Currently Selected:

Воиз 2: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in