Аъмоли Ҳаввориён 5:3-5
Аъмоли Ҳаввориён 5:3-5 KM92
Петрус гуфт: «Эй Ҳанониё! Чаро ин тавр ба дилат шайтон роҳ ёфтааст, то туро водор намояд, ки ба Рӯҳулкудс дурӯғ бигӯӣ ва як қисми пули заминро пинҳон кунӣ? Оё он чи доштӣ, аз они ту набуд? Оё он чи баъд аз фурӯхтан пайдо кардӣ, дар ихтиёри ту набуд? Чаро чунин фикрро дар дили худ ҷо додӣ? Ту на ба одамизод, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ». Ҳамин ки Ҳанониё ин суханонро шунид, ба замин афтод ва ҷон дод, ва ҳамаи онҳое ки инро шуниданд, ба ҳароси азиме афтоданд.





