1
Инҷили Марқӯс 9:23
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Исо ба вай гуфт: «Агар имон оварда тавонӣ, барои имондор ҳама чиз имконпазир аст».
Compare
Explore Инҷили Марқӯс 9:23
2
Инҷили Марқӯс 9:24
Дарҳол падари кӯдак фарьёд зада, гирьякунон гуфт: «Имон меоварам, эй Худованд! Ба беимонии ман мадад кун».
Explore Инҷили Марқӯс 9:24
3
Инҷили Марқӯс 9:28-29
Ва чун ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ ба танҳоӣ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?» Ба онҳо гуфт: «Ин ҷинс ба ҳеҷ ваҷҳ берун намеравад, ҷуз ба дуо ва рӯза».
Explore Инҷили Марқӯс 9:28-29
4
Инҷили Марқӯс 9:50
Намак хуб аст; лекин агар намак шӯр набошад, бо чӣ шумо онро ислоҳ мекунед? Пас дар худ намак бидоред, ва бо якдигар муросо кунед».
Explore Инҷили Марқӯс 9:50
5
Инҷили Марқӯс 9:37
«Ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба исми Ман кабул кунад, вай Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, вай на Маро, балки Фиристандаи Маро қабул мекунад».
Explore Инҷили Марқӯс 9:37
6
Инҷили Марқӯс 9:41
Ва ҳар кӣ ба исми Ман шуморо, аз он рӯ ки пайрави Масеҳ ҳастед, косаи обе бинӯшонад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, мукофоти худро зоеъ нахохад кард.
Explore Инҷили Марқӯс 9:41
7
Инҷили Марқӯс 9:42
Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар баҳр афкананд.
Explore Инҷили Марқӯс 9:42
8
Инҷили Марқӯс 9:47
Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро бикан: барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба Малакути Худо дароӣ, аз ин ки бо ду чашм дар оташи дӯзах андохта шавӣ
Explore Инҷили Марқӯс 9:47