1
Инҷили Марқӯс 2:17
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Исо ин гапро шунида, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд. Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».
Compare
Explore Инҷили Марқӯс 2:17
2
Инҷили Марқӯс 2:5
Чун Исо имони онҳоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Эй фарзанд, гуноҳҳои ту омурзида шуд».
Explore Инҷили Марқӯс 2:5
3
Инҷили Марқӯс 2:27
Ба онҳо гуфт: «Шанбе барои инсон муқаррар шудааст, на инсон барои шанбе
Explore Инҷили Марқӯс 2:27
4
Инҷили Марқӯс 2:4
Ва чун ба сабаби бисьёрии мардум ба Ӯ наздик омада натавонистанд, боми он ҷоеро, ки Ӯ буд, кушода шикоф карданд ва бистареро, ки мафлуҷ дар болояш хобида буд, поён фуроварданд.
Explore Инҷили Марқӯс 2:4
5
Инҷили Марқӯс 2:10-11
Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин кудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», — ба мафлуҷ гуфт: «Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав».
Explore Инҷили Марқӯс 2:10-11
6
Инҷили Марқӯс 2:9
Кадомаш осонтар аст: ба мафлуҷ гуфтани он ки „гуноҳҳои ту омурзида шуд“, ё гуфтани он ки „бархез, бистари худро бардор ва равона шав“?
Explore Инҷили Марқӯс 2:9
7
Инҷили Марқӯс 2:12
Вай дарҳол бархост ва бистари худро бардошта, дар пеши назари ҳама равона шуд, ба тавре ки ҳама ҳайрон шуданд ва Худоро сипоскунон гуфтанд: «Мисли инро ҳаргиз надидаем».
Explore Инҷили Марқӯс 2:12