1
Инҷили Матто 7:7
Китоби Муқаддас 1992
Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, ҳоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода ҳоҳад шуд
Compare
Explore Инҷили Матто 7:7
2
Инҷили Матто 7:8
Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ биҷӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.
Explore Инҷили Матто 7:8
3
Инҷили Матто 7:24
Пас, ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард
Explore Инҷили Матто 7:24
4
Инҷили Матто 7:12
Пас, ҳар он чи меҳоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед; зеро ин аст Таврот ва суҳафи анбиё.
Explore Инҷили Матто 7:12
5
Инҷили Матто 7:14
Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд.
Explore Инҷили Матто 7:14
6
Инҷили Матто 7:13
Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисьёранд
Explore Инҷили Матто 7:13
7
Инҷили Матто 7:11
Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медонед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳое ки аз Ӯ металабанд, чанд маротиба зиёдтар чизҳои нек ҳоҳад дод.
Explore Инҷили Матто 7:11
8
Инҷили Матто 7:1-2
Ҳукм накунед, то ки ҳукм карда нашавед; Зеро ба ҳар тариқ, ки ҳукм кунед, ба ҳамон тариқ шумо ҳукм карда хоҳед шуд; ва ба ҳар андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда ҳоҳад шуд.
Explore Инҷили Матто 7:1-2
9
Инҷили Матто 7:26
Ва ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо наоварад, ба марди нодоне монанд аст, ки ҳонаи худро бар рег бино кард
Explore Инҷили Матто 7:26
10
Инҷили Матто 7:3-4
Ва чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ? Ё чӣ тавр ба бародари худ мегӯӣ: „Иҷозат деҳ, ки ҳасро аз чашми ту дур кунам“; ва ҳол он ки чӯбе дар чашми туст?
Explore Инҷили Матто 7:3-4
11
Инҷили Матто 7:15-16
Аз анбиёи козиб ҳазар кунед, ки ба либоси меш назди шумо меоянд, лекин дар ботин гургони даррандаанд: Онҳоро аз меваҳошон хоҳед шиноҳт. Оё аз буттаи олуча ангур ва аз мушхор анҷир мечинанд?
Explore Инҷили Матто 7:15-16
12
Инҷили Матто 7:17
Ҳамчунин ҳар дарахти нек меваи нек меоварад, лекин ҳар дарахти бад меваи бад меоварад
Explore Инҷили Матто 7:17
13
Инҷили Матто 7:18
Наметавонад дарахти нек меваи бад оварад, ва дарахти бад — меваи нек.
Explore Инҷили Матто 7:18
14
Инҷили Матто 7:19
Ҳар дарахте ки меваи нек намеоварад, бурида ва дар оташ андохта мешавад.
Explore Инҷили Матто 7:19
YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy
Home
Bible
Plans
Videos