1
Инҷили Матто 10:16
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Инак, Ман шуморо монанди гӯсфандон ба миёни гургон мефиристам. Пас, мисли морон зирак ва мисли кабӯтарон содда бошед.
Compare
Explore Инҷили Матто 10:16
2
Инҷили Матто 10:39
Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро нигоҳдорӣ хоҳад кард.
Explore Инҷили Матто 10:39
3
Инҷили Матто 10:28
Ва аз кушандагони ҷисм, ки ба куштани рӯҳ қодир нестанд, натарсед; балки аз Ӯ ҳаросон бошед, ки қодир аст ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳро дар дӯзах нобуд кунад.
Explore Инҷили Матто 10:28
4
Инҷили Матто 10:38
Ва ҳар кӣ салиби худро намебардорад ва маро пайравӣ намекунад, лоиқи Ман нест.
Explore Инҷили Матто 10:38
5
Инҷили Матто 10:32-33
Пас, ҳар кӣ Маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард; Лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам кард.
Explore Инҷили Матто 10:32-33
6
Инҷили Матто 10:8
Беморонро шифо диҳед, махавиёнро пок кунед, мурдагонро эҳьё кунед, девҳоро берун кунед; муфт ёфтаед, муфт диҳед.
Explore Инҷили Матто 10:8
7
Инҷили Матто 10:31
Пас, натарсед: шумо аз бисьёр гунҷишкон бартарӣ доред.
Explore Инҷили Матто 10:31
8
Инҷили Матто 10:34
Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер
Explore Инҷили Матто 10:34