Суханони ту рӯҳафтодаро ба по мехезонд,
ва зонуҳои ларзонро ту қувват мебахшидӣ.
Вале акнун ба сари худат омадааст, ва ту бетоқат шудаӣ;
навбат ба худат расидааст, ва ту аз рӯҳ афтодаӣ.
Оё таваккали ту ба худотарсии ту
ва умеди ту ба беайбии роҳҳои ту нест?