Ва Мордахай ин суханонро навишта, ба ҳамаи яҳудиёне ки дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш буданд, ба ҷойҳои наздик ва дур мактубҳо фиристод,
То онҳоро ӯҳдадор намояд, ки рӯзи чордаҳуми моҳи адор ва рӯзи понздаҳуми онро ҳар сол ид кунанд,
Ҳамчун рӯзҳое ки дар онҳо яҳудиён аз душманони худ оромӣ ёфтанд, ва ҳамчун моҳе ки барояшон андӯҳ ба шодмонӣ, ва мотам ба ид мубаддал шуд, — ин рӯзҳоро рӯзҳои базм ва шодмонӣ гардонида, ҳадияҳо ба ҳамдигар ва бахшишҳо ба бенавоён бифиристанд.