Дар қарибии нисфи шаб Павлус ва Сило дуо гуфта, Худоро ҳамду сано мехонданд, ва бандиён онҳоро мешуниданд.
Ногаҳон заминҷунбии азиме рӯй дод, то ба ҳадде ки таҳкурсии зиндон ба ларза даромад; дарҳол ҳамаи дарҳо кушода шуд, ва ҳама завлонаҳо ба замин афтод.