Пас, модоме ки Худо ба онҳо ҳамон бахшоишро ато кардааст, ки ба мо ато кард, вақте ки ба Исои Масеҳи Худованд имон овардем, ман кистам, ки тавонам ба Худо монеъ шавам?»
Вақте ки инро шуниданд, ором шуданд ва Худоро ҳамду сано хонда, гуфтанд: «Дар ҳақиқат Худо ба гайрияҳудиён низ тавбаи ҳаётбахшро ато кардааст».