YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Луқо 24

24
БОБИ БИСТУ ЧОРУМ
Эҳьёи Исои Масеҳ.
1Дар рӯзи якшанбе, субҳидам, ҳанутеро, ки тайёр карда буданд, бо худ гирифта, ба сари қабр омаданд, ва баъзе занони дигар ҳамроҳи онҳо буданд;
2Вале диданд, ки санг аз сари қабр ғалтонда шудааст,
3Ва чун дохил шуданд, Ҷасади Исои Худовандро наёфтанд.
4Дар сурате ки аз ин ҳодиса дар ҳайрат буданд, баногоҳ дар пешашон ду марди ҷомаҳои дурахшанда дар бар пайдо шуданд.
5Ва дар ҳолате ки ба ҳарос афтода, сарҳои худро ба зер афканда буданд, он ду ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо зиндаро дар миёни мурдагон ҷустуҷӯ мекунед?
6Дар ин ҷо нест: Ӯ эҳьё шуд; ба ёд оваред, ки чӣ гуна Ӯ, ҳангоме ки дар Ҷалил буд, ба шумо сухан ронда,
7Гуфта буд, ки Писари Одам бояд ба дасти одамони гуноҳкор таслим карда шавад, ва маслуб гардад, ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад».
8Ва онҳо суханони Ӯро ба ёд оварданд
9Ва аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба он ёздаҳ ва ба ҳамаи дигарон нақл карданд.
10Инҳо Марьями Маҷдалия, ва Юҳона, ва Марьям, модари Яъқуб, ва бо онҳо занони дигар буданд, ки ба ҳаввориён ин чизҳоро гуфтанд.
11Вале ин суханон ба назарашон чун сафсатае намуд, ва ба гапи онҳо бовар накарданд.
12Аммо Петрус бархоста, сӯи қабр давид ва хам шуда, фақат кафанро дид, ки гузошта шудааст, ва аз ин ҳодиса дар ҳайрат монда, ба ҳонаи ҳуд рафт.
Зоҳир шудани Исои эҳьёшуда ба шогирдон дар аснои роҳи Аммоус.
13Дар ҳамон рӯз ду нафар аз онҳо ба деҳае мерафтанд, ки тақрибан шаст стадия#24:13 Стадия — воҳиди андозаи дарозӣ дар Юнони Қадим, ки тақрибан ба 194 метр баробар буд. аз Ерусалим дур буд, ва Аммоус ном дошт,
14Ва бо ҳамдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугӯ мекарданд.
15Ва ҳангоме ки онҳо гуфтугӯ ва мубоҳиса мекарданд, Худи Исо наздик омада, бо онҳо равона шуд;
16Лекин чашмони онҳо баста буд, ба тавре ки Ӯро нашиноҳтанд.
17Ба онҳо гуфт: «Аз чӣ хусус бо ҳамдигар дар роҳ гуфтугузор мекунед, ва чеҳраҳотон ғамгин аст?»
18Яке аз онҳо, ки Қлеюпос ном дошт, дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Наход ки танҳо Ту аз онҳое ки ба Ерусалим омадаанд, аз воқеае ки дар ин рӯзҳо рӯй додааст, бехабар ҳастӣ?»
19Ба онҳо гуфт: «Аз кадом воқеа?» Ба Ӯ гуфтанд: «Аз он чи ба Исои Носирӣ рӯй додааст, ки Ӯ пайғамбаре буд тавоно дар кирдор ва гуфтор дар пеши Худо ва тамоми қавм;
20Чӣ гуна Ӯро саркоҳинон ва сардорони мо таслим карданд, то ки ба қатл маҳкум шавад, ва Ӯро маслуб карданд;
21Лекин мо умед доштем, ки Ӯ Ҳамон аст, ки бояд Исроилро наҷот диҳад; аммо, бо ин ҳама, имрӯз рӯзи сеюм аст, ки ин ба вуқӯъ омадааст;
22Вале баъзе аз занони мо низ моро дар ҳайрат андоҳтанд: онҳо бомдодон ба сари қабр рафтаанд,
23Ва Ҷасади Ӯро наёфтаанд, ва омада гуфтанд, ки дар рӯъё фариштагонро низ дидаанд, ки мегӯянд: Ӯ зинда аст;
24Ва баъзе аз рафиқони мо ба сари қабр рафта, ончунон ки занон гуфта буданд, ёфтаанд; лекин Ӯро надидаанд».
25Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Эй бефаросатон ва сустдилон дар имоноварӣ ба он чи анбиё пешгӯӣ кардаанд!
26Оё Масеҳро лозим набуд ҳамаи инро аз сар гузаронда, ба ҷалоли Худ бирасад?»
27Ва аз Мусо ва аз тамоми анбиё сар карда, он чиро, ки дар ҳамаи Навиштаҳо дар бораи Ӯ гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод.
28Ва онҳо ба деҳае ки сӯяш мерафтанд, наздик омаданд, ва Ӯ чунин вонамуд кард, ки мехоҳад онсӯтар биравад;
29Вале онҳо Ӯро нигоҳ дошта, гуфтанд: «Бо мо бимон, чунки шом наздик аст, ва рӯз ба поён мерасад». Ва Ӯ ворид шуда, бо онҳо монд.
30Ва ҳангоме ки Ӯ бо онҳо назди суфра нишаст, нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо дод.
31Он гоҳ чашмони онҳо кушода шуд, ва онҳо Ӯро шинохтанд; вале Ӯ аз назарашон нопадид шуд.
32Ва онҳо ба якдигар гуфтанд: «Оё дили мо дар даруни мо намесӯхт, вақте ки Ӯ дар роҳ ба мо сухан меронд ва Навиштаҳоро ба мо мефаҳмонд?»
33Ва ҳамон соат бархоста, ба Ерусалим баргаштанд ва он ёздаҳро ёфтанд, ки бо рафиқони худ ҷамъ шуда,
34Мегуфтанд, ки Худованд ҳақиқатан эҳьё шудааст ва ба Шимъӯн зоҳир гардидааст.
35Ва онҳо низ нақл карданд, ки дар аснои роҳ чӣ ҳодиса рӯй дод, ва чӣ гуна Ӯро дар вақти пора кардани нон шинохтанд.
Зоҳир шудани Исо ба ёздаҳ шогирдон.
36Вақте ки онҳо дар ин хусус гап мезаданд, Худи Исо дар миёни онҳо истода, ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод».
37Онҳо ба изтироб ва ҳарос афтода, гумон карданд, ки рӯҳе мебинанд;
38Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро музтариб шудед, ва аз чӣ сабаб дар дили шумо чунин фикрҳо пайдо мешавад?
39Ба дастҳои Ман ва ба пойҳои Ман нигоҳ кунед: ин Худи Ман ҳастам; Маро ламс кунед ва бубинед; зеро ки рӯҳ гӯшт ва устухон надорад, чунон ки дар Ман мебинед».
40Ва инро гуфта, дастҳо ва пойҳои Худро ба онҳо нишон дод.
41Ва чун онҳо аз шодӣ ҳанӯз бовар намекарданд ва мутааҷҷиб мешуданд, Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё чизи хӯрдание дар ин ҷо доред?»
42Пеши Ӯ як порча моҳии бирьён ва андаке асали мумдор монданд;
43Ва Ӯ гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд.
44Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст он чизе ки, чун бо шумо будам, ба шумо мегуфтам, ки ҳар он чи дар Тавроти Мусо ва дар суҳафи анбиё ва Забур дар бораи Ман навишта шудааст, бояд ба амал ояд».
45Он гоҳ зеҳни онҳоро равшан кард, то ки Навиштаҳоро бифаҳманд,
Фармоиши охирин.
46Ва ба онҳо гуфт: «Чунин навишта шудааст, ва чунин лозим буд, ки Масеҳ уқубат кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон эҳьё шавад.
47Ва ба исми Ӯ, аз Ерусалим сар карда, дар миёни ҳамаи халқҳо тавба ва омурзиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад;
48Ва шумо шоҳидони ин ҳастед;
49Ва Ман ваъдаи Падари Худро бар шумо равона мекунам; вале шумо дар шаҳри Ерусалим бимонед, то вақте ки бо қуввате аз олами боло фаро гирифта шавед».
Сууди Исои Масеҳ.
50Ва онҳоро берун оварда, то Байт‐Ҳинӣ бурд ва дастҳои Худро бардошта, онҳоро баракат дод.
51Ва ҳангоме ки онҳоро баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон сууд кард.
52Ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бузурге ба Ерусалим баргаштанд,
53Ва ҳамеша дар маъбад буда, Худоро ҳамду сано мегуфтанд ва муборак мехонданд. Омин.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy